Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Федератсияи Футболи Тоҷикистон аз ширкат дар Анҷумани Конфедеротсияи Футболи Осиё маҳрум шуд



Хоҷаи Мирзода

Субра Манян-сухангуи конфедертсияи Футболи Осиё дар суҳбат бо Родюи Озодӣ гуфт, ки ин ҳайат наметавонад дар анҷуман ширкат кунад: "Дар Анҷуман касе ширкат нахоҳад кард, зеро онҳо бо қарори ФИФА дар ҳеҷ чорабинии зери чатри ФИФА ва ё Конфедертсияи Футболи Осиё наметавонанд ширкат кунанд.

Федератсияи Футболи Тоҷикистон аз ширкат дар Анҷумани Конфедертсияи Футболи Осиё, ки қарор аст, 14-уми август дар шаҳри Куала Лампури Малайзия баргузор шавад, маҳрум шуд. Гарчӣ ҳайати Тоҷикистон таҳти раҳбарии Суҳроб Қосимов барои ширкат дар ин анҷуман ба роҳ баромадааст, Субра Манян-сухангуи конфедертсияи Футболи Осиё дар суҳбат бо Родюи Озодӣ гуфт, ки ин ҳайат наметавонад дар анҷуман ширкат кунад: "Дар Анҷуман касе ширкат нахоҳад кард, зеро онҳо бо қарори ФИФА дар ҳеҷ чорабинии зери чатри ФИФА ва ё Конфедертсияи Футболи Осиё наметавонанд ширкат кунанд. ФИФА номае фиристода Тоҷикистонро аз ин тасмим огаҳ кард"

Панҷшанбеи ҳафтаи гузашта Федертсияи Байналмилалии Футбол ё ФИФА мақарраш дар шаҳри Цюрихи Шветсария Федертсияи футболи Тоҷикистонро аз ширкат дар барномаҳои варзишии байналмилалӣ маҳрум кард. Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик ҳайате аз ФИФА ва Конфедертсияи Футболи Осиё барои баррасии вазъ аз Тоҷикистон боздид кунад.

XS
SM
MD
LG