Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё амалан имконе ҳаст, ки аз Русия ва ё ИМА пулро фиристод ва баъди чанд дақиқа онро дар Тоҷикистон гирифт?



Хоҷа Мирзода

Вилиям Томас президенти шабакаи Ҷаҳонии Интиқоли сармоя "ВЕСТЕРН ЮНИОН" мегӯяд: БАЛЕ! Аз кадом гӯшаи ҷаҳон, ки хостед пули Шумо мустақиман ба Тоҷикистон ва ё баръакс аз Тоҷикистон ба хориҷ интиқол меёбад.

Вилиям Томас президенти шабакаи Ҷаҳонии Интиқоли сармоя "ВЕСТЕРН ЮНИОН" мегӯяд: БАЛЕ! Аз кадом гӯшаи ҷаҳон, ки хостед пули Шумо мустақиман ба Тоҷикистон ва ё баръакс аз Тоҷикистон ба хориҷ интиқол меёбад. Рӯзи сешанбе хадамоти пулии Вестерн Юнион, ки дар интиқоли байналмилалии пул дар ҷаҳон ҷои аввалро дар даст дорад, Тоҷикистонро дар харитаи кориаш ҳамроҳ карда, хадамоти худро дар понздаҳум ҷумҳурии собиқ Шӯравӣ тавсеа бахшид. "Вестерн Юнион" бо Идораи Почтаи Тоҷикистон, Ориёнбонк, Амонатбонк ва Соҳибкорбонк созиш ба имзо расонида, тасмим гирифтааст, ки то охири сол дар гӯшаҳои мухталифи кишвар камаш 50 намояндагии ин муассисаи интиқоли пулро боз намояд. Ба гуфти президенти Вестерн Юнион феълан якчанд намояндагии он дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ба кор шурӯъ намуданд. Ширкат пешбинӣ мекунад, ки то соли 2006-ум 400 идораи он дар саросари Тоҷикистон фаъол хоҳанд буд. Вилям Томас мегӯяд, ки барои шаҳрвандони собиқ Шӯравӣ ва аз ҷумла тоҷикон соҳибистиқлолӣ шароити кору зиндагӣ дар хориҷро фароҳам овард. Акнун муҳоҷирони тоҷик метавонанд дар они воҳид бо кӯмаки "Вестерн Юнион" ёриҳои молиро ба хешу наздиконашон интиқол диҳанд. Ин навъи хидмат ҳазорҳо муҳоҷири тоҷикро аз интиқоли на он қадар бо амнияти даст ба дасти пул ва ғорат ҳангоми бозгашт халос мекунад. Бо шунидани ин гузориш мустақиман ба идораи "Вестерн Юнион" тамос гирифта, барои санҷиш аз онҳо хоҳиш кардам, ки шароити фиристодани пул ба Тоҷикистонро шарҳ диҳанд. Корманди раёсати Вестерн Юнион Ян Кодиел изҳор намуд, ки вуруди Тоҷикистон ба шабакаи компютерии онҳо чанд рӯзро дар бар мегирад. Ӯ афзуд, ки вазиъят дар ҳар кишвар ҳар хел аст. Меъёрҳои Ҷумҳурии Чех чунинанд:

"Агар шумо 1000 доллар фиристед, мо 47 доллар ҳаққи заҳмат мегирем. Вале агар сад доллар фиристед, ҳаққи заҳмат 14 доллар хоҳад буд. Фарқ надорад, ки пул ба куҷо фиристода мешавад. Дар баъзе кишварҳо муомилот бо пули хориҷӣ манъ аст. Яъне дар ин кишварҳо миқдори баробари пул бо арзи маҳаллӣ дода мешавад. "

То ҷое медонем, дар Тоҷикистон ҳам муомилот бо пули хориҷӣ манъ мебошад. Яъне эҳтимол шахси пулгиранда дар Тоҷикистон миқдори баробарро бо сомонӣ бигирад.

Ёдовар мешавам, ки Вестерн Юнион сар аз соли 1851 интиқоли босуръат ва бо кафолати пули муштариёнашро бар ӯҳдад дорад. Ин ширкат аввалин шуда дар соли 1871 интиқоли телеграфии пулро оғоз намуд. Дар ҳоли ҳозир Вестерн Юнион 124 ҳазор идораи интиқоли пул дорад.

XS
SM
MD
LG