Мирзонабии Холиқзод Дар айни ҳол намояндаи Сандуқи Байнулмилалии Пул аз раҳбарияти Тоҷикистон тақозо кардааст, ҳаҷм ва сатҳи дахолати давлатро ба умури иқтисодӣ чи дар миқёси кишвар ва чи дар маҳалҳо ҷиддан коҳиш диҳад.
Дар дидору гуфтушунидҳои миёни президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва намояндаи босалоҳияти Сандуқи Байнулмилалии Пул Ҷон Олдинг Сми раванди ислоҳоти иқтисодии кишвар мусбат арзёбӣ шуд. Дар айни ҳол намояндаи Сандуқи Байнулмилалии Пул аз раҳбарияти Тоҷикистон тақозо кардааст, ҳаҷм ва сатҳи дахолати давлатро ба умури иқтисодӣ чи дар миқёси кишвар ва чи дар маҳалҳо ҷиддан коҳиш диҳад. Ҷаноби Олдинг Сми баъди ин мулоқот ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ҳамчунин масъалаи поккорӣ аз ришвату фасод дар сатҳи ҳукуматӣ, ба вижа дар корбурди маблағҳои кӯмакӣ ҷиддан дар миён гузошта шудааст. Сандуқи Байнулмилалии Пул баъди як амали муҷозотӣ нисбати ҳукумати Тоҷикистон барои истифодаи нораво ва гузоришҳои бардурӯғ ҳамкориро бо Тоҷикистон аз сар гирифтааст.