Нурмуҳаммади Холзода Дар Бадахшон чанд барфкӯчи калон ба амал омад, ки дар натиҷаи яке аз онҳо, дар шоҳроҳи Душанбе--Хорӯғ, дар 400-километрии пойтахти кишвар чаҳор нафар ба ҳалокат расид. Дар наздикии гузаргоҳи Ишкошим бар асари тарма корвони мошинҳое, ки ба Афғонистон кӯмакҳои башарӣ мебурданд, дар муҳосираи барф монданд. Тибқи хабарҳои ҳанӯз тасдиқнашуда дар Ишкошим як нафар аз аҳолии маҳаллӣ дар тарма кушта шудааст.
Бар асари тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чаҳор нафар ба ҳалокат расид. Вазорати вазъиятҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки фоҷиа дар қисмате аз шоҳроҳи Душанбе--Хорӯғ, дар 400-километрии пойтахти Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст. Тарма як мошини УАЗ-ро пахш намуда, аз роҳ барканор кард ва ба ҷарӣ афканд. Аз ҳашт сарнишини он чаҳор нафар ба ҳалокат расид ва чаҳор тани дигар маҷрӯҳ шуд. Дар натиҷаи як барфкӯчи дигар ҳамчунин корвони кӯмакҳои байнулмилал ба Афғонистон иборат аз 25 мошини боркаш дар Бадахшон дар муҳосира монд. Хабаргузориҳо мегӯянд, ин корвон дар 40-километрии гузаргоҳи Ишкошим зери тарма афтод. Ба баъзе хабарҳо як шаҳрвандим маҳаллӣ дар ин барфхез ба ҳалокат расид. Кормандони роҳу нақлиёти Бадахшон ба пок кардани роҳ ва озод намудани офатрасидагон шурӯъ намуданд.