Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабақҳои Югославӣ ба нирӯҳои посдори сулҳи Афғонистон



Ҷолион Нигел, Салими Аюбзод

Оё таҷрибаи 50 соли гузашта ва ба вижа амалиёт дар Югославии собиқ ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ, ки барномаи байнулмилалии посдории сулҳро дар Афғонистон оғоз мекунад, чӣ сабақҳои ибратомӯз медиҳад?



Барномаи ташкил ва корбасти нирӯҳои посдори сулҳ аз тарафи Созмони Милал Муттаҳид таърихи зиёда аз панҷоҳсола дорад ва дар ин муддат наздики 60 амалиёти ҳифзи сулҳ анҷом ёфта, аз соли 1988 ба ин тараф чунин амалиёт асосан бо қарори Шӯрои Амният ҷараён мегирад. То ин вақт дар амалиёти сулҳи Милали Муттаҳид дар нуқоти доғи олам наздики як миллион нафар хидматчии ҳарбии кишварҳои гуногун ширкат карданд ва қариб ду ҳазор нафар дар ин гуна барномаҳо ба ҳалокат расид. Бо сабаби он ки худи Созмони Милал нирӯҳои ҳарбии хешро надорад, он бо истифода аз пешниҳоду тавоноии давлатҳои узв ин нирӯҳоро ташкил ва идора мекунад. Нирӯҳои байнулмилали посдори сулҳ бо даъвати тарафҳои даргир ва ё ҳукумати кишварҳои ноором вориди ин ё он мамлакат мешаванд ва агар дар он ҷо сулҳ мавҷуд набошад, наметавонанд, худ сулҳро таҳмил кунанд. Барномаҳои поси сулҳ харҷи калон доранд ва будиҷаи ин амалиёти Милали Муттаҳид дар соли 95 се миллиард, дар соли 2000 якуним миллиард доллар буд. Кишварҳои узв тибқи қарордод ба ин будиҷа мадад мерасонанд.

Таҳлилгарон, вақте аз оғози амалиёти ҳифзи эътидол дар Афғонистон ҳарф мезананд, намунаҳои чунин барномаи Милали Муттаҳидро дар даҳ соли охир баррасӣ мекунанд ва пеш аз ҳама сабақҳои сулҳи Югославии собиқро мисол меоранд. Ва мегӯянд, бо ҳар барномаи алоҳида таҷрибаи ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар ин самт зиёдтар ва судмандтар мешавад. Лаура Шилбер, муаллифи китоби "Югославия: Марги як давлат" дар бораи иштибоҳҳое ки амалиёти ҳифзи сулҳ дар ин кишвар бо онҳо гаройид чунин мегӯяд: "Ба фикрам, ягона ва калонтарин хато, эҳтимолан ин буд, ки дар Сарайево посдорони сулҳро дар ҳоле гузошта буданд, ки онҳо наметавонистанд, вазифаи худро ба иҷро расонанд. Ва онҳо ба хадамоти нигаҳбонии корвонҳои башарӣ табдил ёфтанд. Онҳо посдорони сулҳ буданд, дар ҳоле ки ҷанг авҷ мегирифт."

Шилбер мегӯяд, ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар Боснӣ то ҳол гирифтори нокомист. Акнун интизор меравад, ҳаҷми ин қувва коҳиш ёбад. Вазифаи асосии он бар дӯши хадамоти полис гузошта мешавад. Сабаб ин аст, ки меафзояд Шилбер то ҳанӯз дар ин самт ягон ояндабинӣ вуҷуд надорад. "Дар робита ба Афғонистон, дар ҳар мавриде ки имконпазир аст, бояд стратегия сохта шавад, бояд ояндабинии дарозмуддат сурат гирад. Дуруст аст, ки дар чанд моҳ зери фишори вазъият, бисёр чизҳо маълум мешавад ва бояд дид, ки чӣ тавр мешавад, нирӯи қавие тартиб дод, то тавонад ниёзҳои кишварро бароварда созад."

Ҷон Кларк, профессори умури дифоъ дар Маркази Маршал ва собиқадори нирӯҳои вижаи Иёлоти Муттаҳида дар Боснӣ ва Сомалӣ, муаллифи дастури посдории сулҳ барои артиши Иёлоти Муттаҳида масъаларо ин гуна баррасӣ мекунад: "На ҳамаи ба ном, барномаҳои ҳизфи сулҳ дар амал чунин барнома ҳастанд. Истилоҳот муҳим аст, зеро тафовутҳоро ба думбол дорад. Вақте ки нирӯҳо меоянд, то сулҳи набударо ҳифз кунанд, ба шикаст мувоҷеҳ мегарданд. Онгуна ки дар оғози солҳои навадум аксари ин барномаҳо ва на танҳо дар Сомалӣ ва ё Югославия, шикаст хӯрданд."

Собиқадори Боснӣ ва Сомалӣ, Ҷон Кларк тасдиқ мекунад, ки бояд аз чунин шикастҳо ибрат гирифт. "Муҳимтарин сабақ, ки бояд омӯхта шавад, ин аст, ки аксари чунин амалиёт на ҳифзи сулҳ, балки тақвияти сулҳ аст. Ва фарқи асосӣ ин аст, ки онҳо на танҳо барои ҳимояти худ метавонанд аз силоҳ кор гиранд, балки ҳамчунин барои иҷрои вазифаи пуштибонӣ аз сулҳ."

Ба ақидаи профессор Кларк мушкили дигар дар мудирияти ин нирӯҳо ниҳон аст. Аниқтараш дар ҳамоҳангии амалии онҳо. Чун нирӯҳои сулҳ аз фиристодагони чандин давлат иборатанд, дар ҳолати фавқулодда онҳо аввал на ба фармондеҳии марказӣ, балки ба фармондеҳии ҳукуматҳои худ гузориш медиҳанд ва дар байни фармонҳо аз ин ду ситод фарқ мегузоранд. Кларк мегӯяд, бояд нирӯҳои мазкур таҳти фармондеҳии ягона ва ситоди муштарак қарор дошта, аз рӯи қойидаҳои якхела амал кунанд. Дар айни замон профессор Кларк иқрор мекунад, ки баланд рафтани сатҳи касбии артишҳо дар аксари мамолики ҷаҳон ба нирӯҳои посдор ҳамоҳангӣ ва тавоноӣ медиҳад. Ва дар ин маврид Кларк махсусан аз нирӯҳои вижаи Иёлоти Муттаҳида ва Британия мисол меорад. Аммо коршиноси умури Балкан Миша Гленнӣ мегӯяд, чунин баҳоро метавон танҳо ба нирӯҳои Британияӣ дод: "Дар Аврупои ҷанубушарқӣ, ҷузвутомҳои Британия, хеле тавоно ва зудамал буданд. Ҳарчанд на ҳамеша, аммо аксаран. Ҳамхидматони онҳо аз дигар кишварҳои аврупоӣ ва махсусан Иёлоти Муттаҳида кӯшиш мекарданд, аз ҳолатҳои душвор канораҷӯӣ кунанд. Мушкили асосӣ аз он бармеомад, ки маълум набуд, кӣ бояд фармон медиҳад, кӣ ба кӣ тобеъ мебошад. Ин як дардисари ваҳшатнок буд, ки мутмаъинам, дар Афғонистон ҳам ба миён хоҳад омад."

Ба ақидаи аксари коршиносон нирӯҳои сулҳ дар Афғонистон бояд амалан ба ҳифзи сулҳ машғул шаванд ва аз ҳама гуна кӯшишҳои ба ҳам задани эътидол пешгирӣ намоянд. Дар ҳоле ки дар Югославия вазифаи онҳо асосан таҳти назорат нигоҳ доштани мавзеъ, иншоот ва роҳҳо буд, дар Афғонистон мумкин аст, ба ғайр аз ин зарурати дар ин ё он маҳал таҳким додани идораҳои ҳукумати маҳаллӣ ва ҳифзи онҳо, ҷилавгирӣ аз ҳамлаи гурӯҳҳои худсар ва ё мутахосим пеш ояд. Ҳамчунин нирӯҳои мазкур қарор аст, бозгашти боамнияти паноҳандагон ва ҷобаҷошавии онҳоро таҳти назар дошта бошанд. Крис Яновский, сухангӯи Кумиссариати олии Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон, ки тайи ҷанги Боснӣ дар Сарайево хидмат кардааст, ин тавр мегӯяд: "Дарси башарии он рӯзҳо ин аст, ки кӯмаки башарӣ ва мудохилаи башарӣ набояд ҷойи мудохилаи сиёсӣ ва ҳарбиро бигирад. Ин ҳолате буд, ки махсусан дар Боснӣ тайи се сол ба чашм расид. Расондани ёриҳо асосан чизе буд, ки ҳамаи тарафҳо ба он ризоият медоданд, дар ҳоле ки барои ҳалли низоъ ба сурати кул иродаи сиёсӣ вуҷуд надошт." Яновскйи мегӯяд, комёбии ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар Афғонистон ба он бастагӣ хоҳад дошт, мардуми Афғонистон иродаи нек нишон диҳанд ва худ ба хештан ёрӣ расонанд. Дар ҳалли мушкили Афғонистон иродаву хоҳиши мардуми онаҳамияти бунёдӣ дорад, то ҳаҷму салоҳияти посдорони сулҳ.

XS
SM
MD
LG