Хиромон БақозодаСозмони Милал имрӯз изҳор кардааст, намояндагони ҳукумати муваққатии Афғонистон дарк мекунанд, ки дар қувваҳои байналхалқии посдори сулҳ ниёз доранд.
Созмони Милал имрӯз изҳор кардааст, намояндагони ҳукумати муваққатии Афғонистон дарк мекунанд, ки дар қувваҳои байналхалқии посдори сулҳ ниёз доранд. Дар Исломобод имрӯз сухангӯи Созмони Милал Аҳмад Фавзӣ гуфт, ин нуқта ба мо баъди вохӯрии дирӯза дар Кобул равшан шуд. Аммо дар Кобул вазири умури дохилаи ҳукумати мувақатии Афғонистон Юнус Қонунӣ гуфт, мо ҷонибдори ба хоки Афғонистон ворид шудани қувваҳои посдори сулҳ ҳастем, вале таъкид мекунем, ки онҳо набояд дар кишвар муддати зиёд мустақар бошанд. Дабири кулли Созмони милали Муттаҳид Кофи Анан имрӯз дар Стокголм даъват ба амал овард, ки қувваҳои посдори сулҳ ба Афғонистон ҳар чӣ зудтар ворид гарданд, то ин ки тақсимоти кӯмаки хайрия дар Афғонистон бонизом пиёда гардад. Роҳбари ҳукумати муваққатии Афғонистон Ҳомид Карзай имрӯз бегоҳ бояд аз Қандаҳор ба Кобул расад. Дар он ҷо вай ният дорад бо вазири мудофиа Муҳаммад Қосим Фаҳим ва баъдан фиристодаи махсуси Созмони Милал дар Афғонистон Лахдар Броҳимӣ мулоқот намояд. Ҳамин рӯз президенти собиқи Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ гуфт, вай бо Ҳомид Карзай ҳамкорӣ хоҳад кард. Вале дафъатан ҷаноби Раббонӣ илова намуд, ки имзошавии созишномаи таъсиси ҳукумати муваққат ба назари вай маънои ба умури дохилаи Афғонистон мудохила кардани қувваҳои хориҷиро дорад. Ба ҷангандаҳои созмони ал-Қойида дар кӯҳистони Тора Бораи Афғонистон пешниҳод шудааст, ки агар онҳо сарварони худро таслим кунанд, метавонанд озод шаванд. Шаҳрдори Ҷалолобод Ғаффор ба рузноманигорон гуфтааст, ки барои таслимшавиии афроди ал-Қойида ва Толибон то соати 12:30 ба вақти Афғонистон вақт додаанд. Ҷаноби Ғаффор гуфтааст, Усома Бен Лоден низ бояд таслим шавад, агар дар кӯҳҳои Тора Бора бошад. Тавре маълум аст, қувваҳои зиддитолибон ба намояндагони Ал-Қойида мӯҳлати аввали таслимшавиро то соати 8:30 бо вақти Афғонистон муайян карда буданд. Аммо дар ин самт таҳаввулоте ба вуқӯъ напайваст. Аксарити ҷанговарони хориҷии Ал-Қойида имрӯз гуфтанд, ки мехоҳанд дар соати таслимшавӣ намояндагони расмии кишвари онҳо ҳузур дошта бошанд ва ин ҷараён зери назорати Созмони Милал сурат гирад.