Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусоҳиба бо Алекс Ватанка, шореҳи Маркази Ҷэйнс Дефенс



Холидаи Қодир

"Ҳамкориҳои мушаххаси кишварҳои Осиёи Марказӣ бо эътилофи байналилалии зиддитеррор" чунин буд мавзӯъи мусоҳибаи Радиои Озодӣ бо Алекс Ватанка, шореҳи Маркази Ҷэйн-с Дефенс дар Лондон. Оё барномаи ҳамкории Амрико бо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дақиқан чӣ аст, оё бо омадани Амрико ба минтақа, манфиатҳои Вошингтон ба манфиатҳои Маскав барнамехӯранд ва муҳимтар аз ҳама, оё ҳар як ҷумҳурии Осиёи Марказӣ аз ҳамкорӣ бо эътилофи зидди террор дақиқан чӣ манфиат ба даст меорад?

"Ҳамкориҳои мушаххаси кишварҳои Осиёи Марказӣ бо эътилофи байналилалии зиддитеррор" чунин буд мавзӯъи мусоҳибаи Радиои Озодӣ бо Алекс Ватанка, шореҳи Маркази Ҷэйн-с Дефенс дар Лондон. Оё барномаи ҳамкории Амрико бо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дақиқан чӣ аст, оё бо омадани Амрико ба минтақа, манфиатҳои Вошингтон ба манфиатҳои Маскав барнамехӯранд ва муҳимтар аз ҳама, оё ҳар як ҷумҳурии Осиёи Марказӣ аз ҳамкорӣ бо эътилофи зидди террор дақиқан чӣ манфиат ба даст меорад? Дар тӯли чанд дақиқаи оянда посухи ин суолҳоро аз Шореҳи Ҷэйнс Дефенс мешунавем. Дар шурӯъи ин сӯҳбат ҷаноби Ватанка гуфт, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар оғози маъракаи зиддитеррор ба таври начандон рӯшан ва мушахаас изҳори омодагӣ карданд, ки дар ҷанг алайҳи террор аз мавқеъи Амрико пуштибонӣ мекунанд. Вале танҳо баъди ду моҳи шурӯъи ҳамлаҳо болои террористон, ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон бо Амрико ва эътилофи зиддитеррор шакли дақиқ ва мушаххас гирифт. Суоли аввал аз Алекс Ватанка ин буд, ки оё фурудгоҳи Кӯлоби Тоҷикистон ва пойгоҳи ҳавоии Манас, ки Қирғизситон пешниҳод мекунад, то чӣ андоза барои Амрико қобили истифода мебошанд. Алекс Ватанка посухи суолро аз вазъи Қирғизситон шурӯъ кард: "Шароити ҳамкории Қирғизистон фарқ дорад. Ин ҷумҳурӣ бо Афғонистон сарҳадди муштарак надорад ва аз ин сабаб, дар маъракаи бомбаборон шояд Амрико ба пойгоҳи ҳавоии Қирғизистон зарурат надошта бошад. Вале дар ин ҷо сухан аз ҳамкорӣ дар маъракаи дарозмуддат ба зидди терроризм меравад. Баъди шикаст додани маъмурияти Толибон, Амрико бояд гурӯҳҳои боқимондаи Толибон ва шабакаи Алқоидаро дар Афғонистон ва хориҷ аз он аз байн барад. Гузашта аз Афғонистон худи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ - Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон, ба мушкили терроризм рӯ ба рӯ ҳастанд. Масъалан, аз ҷониби Ҷумбиши Исломии Узбакистон, ки мо ҳоло намедонем, пайравонаш дар куҷо ҳастанд. Дар чунин муборизаи дарозмуддат зидди терроризм дар Афғонистон ва хориҷ аз он, эътилофи зиддитеррор ба пойгоҳҳои ҳавоии Қирғизистон низ ниёз хоҳад дошт. Дар чунин шароит Амрико ба як платформа дар ин минтақа зарурат дорад". Алекс Ватанка, шореҳи Ҷейнс Дефенсе дар бораи ҳамкории Тоҷикистон бо Амрико ва эътилофи зиддитеррор чунин мегӯяд:

"Тоҷикистон қабл аз ҳама сахт дар зери таъсири Русия аст ва ҳама гуна иқдоми худро бо Маскав ҳамоҳанг мекунад. Тоҷикистон бо Афғонистон марзи тӯлонӣ дорад. Аз ин сабаб, ҳамкории Тоҷикистон дар марҳилаи кунунии ҷанги зиддитеррор муҳим аст. Ҳоло бояд кӯшиш кард, ки боқимондаҳои гурӯҳҳои террористӣ аз ин марз ба хоки Тоҷикистон нагузаранд. Вале дар дарозмуддат, баръакси Узбакистон ва Қирғизистон, Тоҷикистон наметавонад коршарики муҳими эътилофи зиддитеррор шавад. Тоҷикистон аз ҷанги шаҳрвандӣ берун омада ва ҳанӯз суботи пойдор надорад. Дар ин кишвар аносири сиёсие вуҷуд доранд, ки як андоза шабеҳи бунёдгароёни исломӣ мебошанд. Аз ин сабаб, ба назари ман, ҳамкории густарда ба роҳ мондан бо Тоҷикистон, на ба манфиати Амрико хоҳад буд ва на ба манфиати худи Тоҷикистон. Ба ин тариқ, гуфта мешавад, ки Амрико барои аз байн бурдани терроризм дар минтақа бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкории наздик хоҳад дошт ва ё ба гуфтаи шореҳ, алекс Ватанка, Амрико дар Осиёи Марказӣ барои худ платформа месозад. Вале дар айни ҳол, Русия низ бо ин ҷумҳуриҳо барномаҳои муштараки мубориза зидди терроризм дорад. Тибқи ҳамин барнома Русия ба Тоҷикистону Қирғизистон пул ва кӯмаки дигар таҳия кардааст. Нирӯҳои Русия дар ин ҷо мустақар ҳастанд. Ба сурати умум, Осиёи Марказӣ минтақаи таҳти таъсири Русия ба шумор меравад. Пас, ҳоло омадани Амрико ба минтақа боиси бархӯрди манфиатҳои Маскав ва Вошингтон нахоҳад шуд? Шореҳи Ҷэйнс Дефенс Алекс Ватанка ин масъаларо дар пасманзари вазъияти нав, дар заминаи марҳилаи нави муносибатҳои Русияву Амрико шарҳ медиҳад:

"Чанд моҳ қабл, мустақар шудани нирӯҳои мусаллаҳи Ғарб дар ин минтақа зиёд қобили тасаввур набуд. Вале ҳоло Русия ба ин масъала мухолифат надорад. Президенти Русия Владимир Путин бо Амрико ҳамкорӣ мекунад. Ӯ фоидаи ин ҳамкорӣ ва муносиботи некро бо Амрико дарк менамояд. Албатта, манфиати Русия дар Осиёи Марказӣ дар ҳар ҷумҳурӣ фарқ дорад. Русия бештар аз ҳама болои Тоҷикистон таъсир дорад. Ба назари ман, Амрико чунин барнома надорад, ки ҳузури ҳарбии худро дуру дароз дар Тоҷикистон идома диҳад. Узбакистон солҳои зиёд мухолифи ҳама гуна нуфуси Русия дар минтақа буд. Вале ҳуҷумҳои террористии Ҷумбиши Исломии Узбакистон Тошкандро маҷбур кард, ки ба Маскав рӯ оварад ва аз Маскав кӯмак хоҳад. Ба ҳамин сабаб, Узбакистон ба гурӯҳи Шанхай ворид шуд. Агарчӣ ҳоло, Русия болои Узбакистон таъсири чандоне надорад, вале боз ҳам намехоҳад, ки ҳамон нуфуси ками худро низ аз даст диҳад ва Узбакистонро, ба истилоҳ, ба дасти Амрико супорад".

Як масъалаи муҳим ин аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳамкорӣ бо Амрико ва эътилофи зиддитеррор дақиқан чӣ манфиате хоҳанд дошт. Алекс Ватанка, шореҳи Ҷэйнс дефенс мегӯяд, намунаи Покистон нишон медиҳад, ки бо эълони ҳамкорӣ бо Амрико, Покистон, милиардҳо доллар кӯмак ба даст овард. Кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ҳоло ҳамин шансро доранд, ба шарти он, ки аз фурсат хуб истифода кунанд, ва ё ба истилоҳи дигар, картаҳои худро дуруст бозӣ кунанд:

"Қазоқистон ба эътилофи зиддитеррор пешниҳоди ҳамкорӣ кардааст, агарчӣ шакли ин ҳамкорӣ зиёд рӯшан нест. Умуман, маъракаи зидди террор дар Афғонистон ба Қазоқистон таъсири чандоне надошт. Дар Осиёи Марказӣ бештар аз ҳама Узбакистон аз ин маърака манфиат мебардорад. Тошканд ба зудтарин фурсат эълон карда буд, ки омодаи ҳамкорӣ бо Вошингтон аст. Ҳукуматҳои Амрико ва Узбакистон қарордоди ҳамкории амниятӣ имзо карданд. Банки Аврупоии Бозсохт ва Рушд барномаи нави кӯмакҳоро барои Узбакистон таҳррезӣ мекунад. Бо ин кӯмакҳо ва бо наздикӣ бо Амрико, ҳукумати тоталитарии президент Ислом Каримов мавқеъи худро ба чашми мардуми Узбакистон мустаҳкамтар ҷилва медиҳад. Туркманистон метавонист аз ҳамкорӣ бо эътилофи зиддитеррор метавонист манфиати зиёд ба даст оварад. Вале масоили дохилии Туркманистон, сиёсати ҷаноби Туркманбошӣ ва мавқеъи нейтрали Ашқобод дар масоили хориҷӣ, садди роҳи ин ҳамкорӣ шуданд ва Туркманистонро дар инзивоъи бештар гузоштанд. Тоҷикистон сиёсати хориҷии мустақил надорад. Тоҷикистон як асбоб, як василаи сиёсати хориҷии Русия аст. Барои Қирғизистон шароити ҳозира як шанси нав мебошад. Қирғизистон як замон кишвари нисбатан демократӣ ва ғарбгарои минтақа ба шумор мерафт. Вале, баъдтар ин мавқеъи худро аз даст дод. Ҳоло президент Аскар Оқоев фурсати муносибе пайдо кард, ки ҳамон мавқеъи аз дастрафтаро дубора барқарор кунад. Ба назарам, ӯ ин нуқтаро дарк карда ва аз вазъ дуруст истифода бурдан мехоҳад. Бале, ҳоло фурсати муносибест, ки ҳамаи ин кишварҳо чун Покистон аз вазъият баҳра бардоранд, ба шарти он, ки бо картаҳои худ дуруст бозӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG