Холидаи ҚодирАгарчи дар Афғонистон ҷанг ҳанӯз пурра ба поён нарасидааст, вале ҷомеаи байналмилалӣ барномаи барқарорсозии Афғонистонро тарҳрезӣ менамояд.
Агарчи дар Афғонистон ҷанг ҳанӯз пурра ба поён нарасидааст, вале ҷомеаи байналмилалӣ барномаи барқарорсозии Афғонистонро тарҳрезӣ менамояд. Барномаи рушди Созмони Милал якҷо бо Банки Ҷаҳонӣ ва Банки Осиёии Рушд барои баррасии эҳёи Афғонистон як конфронси серӯзаро дар шаҳри Исломобод ифтитоҳ намуд. Он чи, ки ба ояндаи сиёсии Афғонистон марбут мешавад, дар ҷаласаи Бонн матраҳ мегардад, вале ба роҳ мондани иқтисоди ин кишвар, бунёди мактаб, бемористон, роҳ, поксозии минаҳо низ аҳамияти камтар аз он надоранд. Факту рақамҳои имрӯзаи Афғонистон маъюскунанда ҳастанд. Дар ин кишвар, ки бисту ду соли ҷанг ва чанд хушксолро аз сар гузаронидааст, аз ҳар чаҳор кӯдак яке то синни панҷсолагӣ вафот мекунад. Аз ҳар 10 писарбача танҳо чаҳор нафар ба мактабу таълим дастрасӣ пайдо мекунад. Дар байни духтарон аз 100 нафар танҳо се нафар имкони гирифтани маълумоти ибтидоӣ дорад. Аз се ду ҳиссаи аҳолии Афғонистон аз паёмадҳои хушксолӣ азият мекашад. Танҳо чаҳоряки мардуми ин кишвар ба оби поки ошомиданӣ дастрасӣ дорад. Дар сар то сари Афғонистон вазъи ногувори санитарӣ ҳукмфармост. Дар мулоқоти Исломобод ҳудуди 200 мутахассиси шӯъбаҳои Созмони Милали Муттаҳид, Банки Ҷаҳониву, Банки Осиёии Рушд ва якчанд созмони ғайридавалтӣ баҳс хоҳанд кард, ки бо кадом роҳ метавон Афғонистонро аз вазъи фоҷиабор берун овард. Шэри Ҳарт, сухангӯи минтақавии барномаи рушди СМ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мулоқоти Исломобод нишасти бюроктарҳо нахоҳад буд: "Барномаи рушди Созмони Милал, Банки Ҷаҳонӣ ва Банки Осиёии Рушд мизбони мулоқот ҳастанд, вале онҳо нақши раҳнамоӣ надоранд. Тамоми мақсад ин аст, ки ин баҳсро афғонҳо пеш баранд, мақсад ин аст, ки фикру пешниҳоди мутахассисоне, ки дар Афғонистон кор кардаанд, ҷамъ оварда шавад. 60 то 70 нафари ин мутахассисон худи афғонҳо мебошанд."
Дэйл Локенбах аз бахши Осиёи ҷанубии Банки Ҷаҳонӣ мегӯяд, созмонҳои байналмилалӣ намехоҳанд, ки тарҳи омодашудаи ҳалли масъалаҳоро ба Афғонистон пешниҳод кунанд. Ба назари ӯ, беҳтарин роҳ ин аст, ки масъалаҳо дар сатҳи ҷомеа ҳал шаванд, масъалаҳои маҳаллӣ дар сатҳи маҳаллӣ ҳалли худро пайдо кунанд: "Вақте дар бораи барномаи барқарорсозии Афғонистон сухан меравад, бояд дар назар дошт, ки ин барнома набояд дар Вошингтон, дар Ислмобод ё кадом кадом ҷои дигар тарҳрезӣ гардида бошад. Ин стратегияро бояд худи мардуми озоди Афғонистон муайян намоянд. Барои рушди бодавом ва босуботи кишвар муҳим аст, ки тарҳрезии барнома ба дасти худи мардуми Афғонистон бошад".
Созмони Милали Муттаҳид на танҳо ба масъалаҳои иқтисодӣ, чун бунёди роҳу корхонаҳо, балки ба ташакулли ҷомеа низ таваҷҷӯҳи зиёд медиҳад. Созмони Ҷаҳонӣ мегӯяд рушди иқтисод бояд баробар бо масоили иҷтимоӣ пеш бурда шавад. Ин ҷо масъалаи таълиму тадрис ва тандурустӣ, яъне сиҳҳати омма дар назар аст. То ҷанги шаҳрвандӣ дар Афғонистон 15 - 20 дар сади аҳолӣ босавод буд. Ҷанг боиси бесавод мондани садҳо ҳазор бачаҳои синни мактаб гардид. Шэри Ҳарт аз барномаи рушди СМ мегӯяд: "Ин танҳо масъалаи инфраструктура, аз қабили сохтмони роҳу пулҳо намебошад. Ин ҷо масъалаи инфраструктураи иҷтимоӣ низ матраҳ мешавад: аз қабили тандурустӣ, маориф, вазъи умумии иҷтимоӣ ва ташкили муассисаҳои баъди даврони низоъ. Дар ин конфронс мо баҳс хоҳем кард, ки кадом кор натиҷа меоаварад, кадом чиз натиҷа намедиҳад. Ширкаткунандагон пешниҳодҳои худро дар миён мегузоранд."
Дар мулоқоти Исломобод ҳеҷ лоиҳаи мушаххас матраҳ намегардад ва ҳанӯз ваъдаи маблағгузорӣ дода намешавад. Ташкилдиҳндагони мулоқоти Исломобод мегӯянд, ки ин танҳо қадами аввал аст. Идомаи кор аз натиҷаҳои мулоқоти сиёсии Бонн вобаста мебошад. Пас, ба таври мушаххас чиро метавон аз мулоқоти Исломобод интизор буд? Дар гузашта низ борҳо ҷаҳон шоҳиди бадбахтиҳои Афғонистон, шоҳиди ҷанг ва офатҳои табиӣ дар ин кишвар гардида буд. Дар гузашта низ борҳо аз кишварҳои донор дархости кӯмак мешуд. Вале ҳоло Дэйл Лотенбах аз Банки Ҷаоҳнӣ изҳори итминон мекунад, ки вазъи ҳозира фарқ дорад. Охири солҳои ҳаштодум, бо берунраваии нирӯҳои Шӯравӣ аз Афғоснитон, ин кишвар аз таваҷҷӯҳи ҷомеаи байналмилалӣ дур афтода буд. Ташкилдиҳандагони конфронси Исломобол умедворанд, ки ҷаҳон аз ин иштибоҳи худ омӯхтааст ва ин бор барои барқарор сохтани Афғонистон талош хоҳад кард.