Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар сафари дурӯза ба Тоҷикистон



Соҷидаи Мирзо

Раиси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо Мирча Ҷоана дар мулоқот бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов зарурати озодии матбуот, ҳимояти ақаллиятҳо, бунёди низоми мустақили омбудсман ва муколамаи созандаро бо ҳизбҳои сиёсии мухолиф зикр намуд.



Раиси даврагии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврпуо, вазири корҳои хориҷии Руминия Мирча Ҷоана Тоҷикистонро ҳамчун минтақае арзёбӣ кард, ки амнияти куллӣ дар Осиёи Марказӣ ба оромишу субот дар он бастагӣ дорад. Ҷоана рузи чаҳоршанбе сафари дурӯзаеро дар Тоҷикистон шурӯъ намуд. Рузи панҷшанбе дидори Мирча Ҷоана бо президент Эмомалӣ Раҳмонов баргузор гардид. Раиси даврагии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо баъди ин гуфтушунид ба хабарнигорон гуфт, ба мақомоти Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки бо Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо на танҳо дар мавриди густариши демократия балки дар соҳаи иқтисодӣ, амният ва ҳуқуқи башар низ ҳамкорӣ кунад. Ӯ ҳамчунин аз президент даъват кардааст, ки ба муносибати 10 солагии истиқлолият баъзе маҳбусони сиёсиро афв намояд. Раиси даврагии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо Мирча Ҷоана ба раҳбарияти Тоҷикистон пешниҳод кард, ки ба муносибати 10-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон гурӯҳҳои муайяни маҳбусони сиёсиро авф намоянд.

XS
SM
MD
LG