Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё мақомоти Тошканд баҳси марзӣ бо Қирғизистонро яктарафа ҳал карданианд?



Арслан Койчиев

"Дар харитаи нави ӯзбакӣ ноҳияи Сух бо қисмати боқимондаи Ӯзбакистон пайваст мебошад."

Ба навиштаи шореҳи маҷаллаи электронии ЕвразияНет Арслан Койчиев харитаи наве, ки барои истифодаи хидматии мансабдорони Ӯзбакистон ба нашр расид, аз он шаҳодат медиҳад, ки мақомоти Тошканд баҳси марзӣ бо ҷумҳурии ҳамсояи Қирғизистонро яктарафа ҳал карданианд. Ба гуфти як мансабдори қирғиз, ки нахостааст номаш зикр гардад, дар замони Шӯравӣ ноҳияи Сухи Ӯзбакистон берун аз хоки ин ҷумҳурӣ, дар дохили қаламрави Қирғизистон қарор дошт. Дар харитаи нави ӯзбакӣ ноҳияи Сух бо қисмати боқимондаи Ӯзбакистон пайваст мебошад. Мансабдори қирғиз илова мекунад, ки тибқи ин харита Ӯзбакистон даъвогари даҳ ҳазор ҳектар хоки Қирғизистон аст. Назар ба гузоришҳо Ӯзбакистон рӯи Қирғизистон фишор овард, ки ба ташкили як гузаргоҳи заминӣ, яъне пайвастани ноҳияи Сух бо бахши боқимондаи Ӯзбакистон ризоят диҳад. Шореҳи маҷаллаи электронии ЕвразияНет ишора кардааст, ки дар фасли зимистони гузашта Қирғизистон бо таъмини номуназзами нерӯ, яъне энергия рӯ ба рӯ шуд, ки аслан ба қатъи интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбакистон марбут мебошад. Дар гузоришҳои расмӣ гуфта мешавад, ки лӯлаи интиқоли газ дар қаламрави Ӯзбакистон аз кор баромадааст, аммо мансабдорони қирғиз дар сӯҳбатҳои хусусӣ бо шореҳи ЕвразияНет гуфтаанд, ки Ӯзбакистон таъмини газро бо баҳси замин иртибот медиҳад. Алишер Абдимумонов яке аз иштирокчиёни музокироти Ӯзбакистону Қирғизистон, ки дар миёнаҳои моҳи феврал доир шуда буданд, таъкид мекунад: "Раиси ҳайати Ӯзбакистон Рустам Юнусов панҷ дафъа иброз дошт, ки агар ҷониби қирғиз ризоят диҳад, ки бахше аз вилояти Ботканд, гузаргоҳ ба ноҳияи Сух, ба Ӯзбакистон пайвандад, масъалаи таъмини газ ба зудӣ ҳал хоҳад шуд." Ҷонииби Қирғизистон аз имзои созиш сар кашид ва музокирот қатъ шуданд. Аммо дар охири моҳи феврал ҳайати дигари Ӯзбакистон таҳти сарварии нахуствазири Ӯзбакистон Уткир Султонов ба Бешкек сафар кард. Тибқи хабарҳои расида дар рафти музокироти ҳайатҳои Ӯзбакистону Қирғизистон масъалаҳои амнияти минтақа ва ҳамкориҳои иқтисодӣ арзёбӣ шуданд. Ӯзбакистон иброз дошт, ки тарафҳо ҳеҷ гуна баҳси марзӣ надоранд. Дар пайи гуфтушунид интиқоли гази Ӯзбакистон ба Қирғизистон барқарор шуд. Муаллифи мақола сарчашмаи баҳси мансубияти ноҳия Сухро ба замони таъсисёбии Ӯзбакистону Қирғизистон, яъне солҳои бистуми қарни гузашта вобаста медонад. Иосиф Сталин бо нашри як дастур ҳамаи баҳсҳои марзӣ дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравиро хотима бахшид. Вале баъди фавти Сталин дар солҳои панҷоҳум Қирғизистону Ӯзбакистон аз нав даъвои ноҳияи Сухро дар миён гузоштанд. Дар натиҷа ноҳияи Сух, ки дар дохили қаламрави Қирғизистон ҷойгир аст, мисли ҷазира ба тасарруфи Ӯзбакистон гузашт. Баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ баҳси тасарруфи қаламрави Сух дубора авҷ гирифт. Қирғизистон исрор меварзад, ки марзҳои миёни давлатҳо бар пояи созишҳои солҳои панҷоҳум муқаррар шаванд. Аммо Ӯзбакистон бо ишора ба ҳуҷҷатҳои солҳои бистум таъкид мекунад, ки марз аз рӯи мувофиқатҳои солҳои бистум муайян шавад. Дар ин робита раиси маркази пажӯҳишҳои ҳуманитарӣ ва низоъҳо дар шаҳри Бешкек Уран Ботобеков мегӯяд, ки ин мавқеъгирии Ӯзбакистон метавонад дар оянда ин ҷумҳуриро дар ҳоли ногувор гузорад. Ботобеков мегӯяд, ки дар миёни солҳои сиюму шастуми садаи гузашта Тошканд бо пуштибонии Маскав манотиқи зиёди Қазоқистон аз ҷумла назорати ҷумҳурии мухтори Қарақалпоқистонро ба даст овард ва агар Ӯзбакистон мавқеъашро тағйир надиҳад ва ба эътирофи созишҳои солҳои бистум рӯ орад, ин ҷумҳурӣ ба тақозоҳои марзии Қазоқистон ҳеҷ ҷавобе дода наметавонад.

(Аз маҷаллаи электронии ЕвразияНет, баргардони Хоҷа Мирзода)

XS
SM
MD
LG