Мирзонабии Холиқзод Генерал Тотский гуфт, эҳтимол барои таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон 4 баталйони нави марзбонии Русия дар Тоҷикистон таъсис дода шавад.
Раиси Хадамоти марзбонии Русия генерал Константин Тотский, рӯзи 2 март дар Душанбе ҳушдор дод, ки бо наздикшавии Толибон ба марзи Тоҷикистон вазъ на танҳо дар ин кишвар, балки дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ муташанниҷ хоҳад шуд. Генерали рус ин нуктаро баъди мулоқот бо мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла президент Эмомалӣ Раҳмонов баён кард. У афзуд, чунин гардиши таҳаввулот барои фаъолияти эмиссарҳо ва вуруди гурӯҳҳои хурди ифротгар ба қаламрави Тоҷикистон сабаб мешавад. Тотский аз нигаронии ошкори Чин дар ин робита ёдовар шуд ва гуфт, авзоъ таҳти омӯзиши ҷиддӣ қарор дорад ва изҳори умед намуд, ки дар якҷоягӣ метавон аз ин хатар ҷилавгирӣ кард. Генерал Тотский гуфт, эҳтимол барои таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон 4 баталйони нави марзбонии Русия дар Тоҷикистон таъсис дода шавад.