Соҷидаи МирзоМарзбонони Русия гуфтанд, гуруҳи ношинос аз он суи дарё ба паноҳандагон оташ кушодааст.
Хабаргузориҳои Русия иттилоъ доданд, ки кампи муҳоҷирони афғон дар ҷазираҳои рудхонаи Панҷ мавриди тирборон қарор гирифт. Сухангуи дафтари матбуотии гуруҳи марзбони Русия дар Тоҷикистон Александр Кондратев гуфт, гуруҳи ношинос аз он суи дарё ба суи паноҳандагон оташ кушодаст. Баъзе аз муҳоҷирони мусаллаҳ, дар оташи ҷавобӣ, якчанд ҳуҷумкунандаро захмӣ карданд. Аз ин даргирӣ чанд муҳоҷир низ захм бардошт. Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон хабари ҳуҷуми гуруҳи ношинос ба кампи муҳоҷиронро таъид кард. Қаблан чанд мушаки гуруҳҳои даргири Афғон дар наздикии лагери паноҳандагон таркида буд.
Ҳудуди 10 ҳазор паноҳандаи афғон аз манотиқи ҷанг дар шимоли Афғонистон ба ҷазираҳои рудхонаи Панҷ, воқеъ дар марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистон паноҳ оварда дар бадтарин шароит ба сар мебаранд. Ҳукумати Тоҷикистон мегуяд, ки хоҳиш ва тавони қабули онҳоро надорад.