Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Б. Обама: сиёсати иқтисодии Буш бадтарин буд


“Агар Маккейн пирӯз гардад ва сиёсати иқтисодии ҳукумати Бушро идома диҳад, қарзи хориҷии Амрико ду баробар хоҳад афзуд”.

Ин суханонро номзади ҳизби демократ ба мақоми раисҷумҳурии ИМА Барак Обама ахиран ҳангоми интиқод аз рақибаш дар ин сабқат ироъа намуд.
Дар ҳамин ҳол, Б. Обама сиёсати иқтисодии Ҷ. Бушро аз ҷиҳати молиёт бемасъулиятноктарин дар таърихи кишвар унвон дод.
Дар нахустин суханронии интихоботиаш баъд аз он, ки рақиби ҳамҳизбаш Ҳиларӣ Клинтон аз даъвояш ба Кохи Сафед даст кашида, номзадии Обамаро дастгирӣ кард, ӯ болои мавзӯъҳои мубрами иқтисодӣ ба монанди нокомӣ дар пардохти вомҳои манзил, ҷаҳиши бесобиқаи нархи маводди энержӣ ва болоравии сатҳи бекорӣ дар кишвар мутамаркиз шуд. Демократҳо умедворанд бо истифода аз ин мавзӯъҳо ба Кохи Сафед роҳ ёбанд.
Инак, Обама сафари кории дуҳафтаинаи таблиғотиашро ба 15 аёлати муҳимтарин, ки аз пойгоҳҳои сиёсии ҷумҳурихоҳон маҳсуб мешаванд, оғоз намуда, кӯшиш дорад, ки фарқи миёни ӯ ва Маккейнро ба интихобкунандагон намоиш диҳад.
Зимни суханрониаш дар Каролинаи шимолӣ, Обама мутазаккир шуд, ки, агар тарҳи иқтисодии пешниҳодкардаи Маккейн иҷро шавад, дар давоми даҳсолаи оянда қарзи Амрико боз ба 5,7 триллион доллари дигар афзоиш меёбад. Аёлати Каролинаи шимолӣ барои ҳар як номзад муҳим аст, чунки шурӯъ аз соли 1976 интихобкунандагони он танҳо ба ҷониби номзадҳо аз ҳизби ҷумҳурихоҳ раъй дода буданд.
Оё нишонгирии Обама дақиқ аст?
Обама дар суханрониаш ягон тарҳи нави иқтисодӣ пешкаш накард – вай танҳо болои тафовути тарҳҳои иқтисодии худ ва Маккейн таъкид дошт ва пешниҳодҳои пешинаи худро такрор намуд, ки, пеш аз ҳама, аз афзоиши молиёти сарватмандон, хотима додани ҷанги Ироқ, тақвият додани низоми кортҳои бонкӣ, кам кардани молиёт, сармоягузории бештар ба таҳсил ва ҷустуҷӯи манобеъи алтернативии энержӣ, сохтмони роҳҳо ва пулҳои нав иборат буд.
Маккейн дар посух иброз дошт, ки тарҳи Обама барои афзоиш додани молиёти сарватмандон вазъи иқтисодии дар ҳоли рукуди Амрикоро боз ҳам бадтар хоҳад кард.
Вале Обама ҷавобан бо интиқод ёдоварӣ кард, ки Маккейн дар даври якуми ҳукуматдории Буш ба тарҳи иқтисодии Буш мухолиф буд, аммо дар айни ҳол онро ҳамаҷониба тарафдорӣ мекунад.
Мутахассисон бар ин ақидаанд, ки бо сафари таблиғотиаш ба иёлоте, ки аксаран ҷумҳурихоҳонро тарафдорӣ мекунанд, Обама рақибашро маҷбур мекунад, барои маъракаи интихоботиаш маблағи бештар сарф намояд ва ин ҳам дар ҳолест, ки Обама дар муқоиса бо Маккейн қариб ду баробар бештар пул ҷамъ кардааст.
Ҳамин тавр, дар давоми 16 моҳ Обама тавонист аз ҷониби тарафдоронаш барои маъракаи интихоботӣ 266 миллион ва Маккейн ҳамагӣ 115 миллион доллар ҷамъоварӣ кунанд. Тавре ки интихоботҳои қабли нишон медиҳад, миқдори пуле, ки ҳар номзад дар ихтиёри худ дорад, метавонад дар натиҷагирии сабқат аҳаммияти калидӣ дошта бошад.
Тибқи назарсанҷиҳои “Ассошиэйтед пресс” ва “Уҳу”, 32 дарсади интихобкунандагони мустақил мухолифи собиқ хонуми авваланд. Миёни ҷумҳурихоҳон мухолифони Клинтон аз ин ҳам бештар аст ва 67 дарсадро ташкил медиҳанд. Бо назардошти натиҷаҳои назарсанҷӣ, интихоби муъовин барои Обама кори саҳл нахоҳад буд ва худи ӯ ҳам гуфтааст, ки барои гирифтани тасмими ниҳоӣ ба фурсат ниёз дорад.
XS
SM
MD
LG