Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қудратҳо аз гаронии нафт нигаронанд


Қудратҳои бузурги саноатии ҷаҳон нигаронии муштараки худро пиромуни афзоиши фавқулоддаи нархҳои ҷаҳонии нафти хом изҳор доштанд.

Нишасти вазирони энержии кишварҳои узви гурӯҳи G-8, ки 8 қудрати бузурги иқтисодии дунё – Амрикову Канада, Ҷопону Бритониё, Фаронсаву Олмон ва Итолиёву Русияро муттаҳид мекунад, бо ҷамъи ҳамтоёни худ аз Чину Ҳинд ва Куриёи ҷанубӣ рӯзи 8 июн дар Аомории Ҷопон доир шуд. Ин дар сурате, ки арзиши як бушкаи нафти хом дар бозори Ню-Йорк ба нуқтаи бесобиқаи 139 доллар расид.

Баёнияи муштараки вазирони энержии қудратҳои бузурги дунё бо ибтикори Амрикову Ҷопон, Чину Ҳинд ва Куриёи Ҷанубӣ таҳия шудааст. Намояндагони ин 5 кишвар дар нишасти Аомори гуфтанд, ки нархи кунунии нафт алайҳи манофеъи чӣ кишварҳои тавлидкунанда ва чӣ истеъмолкунандагони нафт аст. Ба эътиқоди аҳли нишасти Аомори, чунин нархи ҳангуфти нафт бори сангине бар дӯши иқтисоди, ба хусус, он кишварҳои дар ҳоли рушд хоҳад шуд, ки аз захоири кофии маводи сӯхт маҳруманд.

Мизбони нишаст, вазири энержии Ҷопон Акира Амари гуфт, агар нархи нафт дар чунин қуллаи баланд боқӣ бимонад, ин ҳол метавонад ба раванди пасрафт ё худ ретсессияи иқтисоди ҷаҳон оғоз гузорад. Ҳамтоии амрикоии ӯ Сэмюил Бодман ҷастухезҳои нархи нафтро рӯйдоде таккондиҳанда номид, вале афзуд, ин ҳанӯз бӯҳрон нест. Оқои Бодман гуфт, рафъи куллия нигарониҳои мавҷуда дар мавриди саноати нафт фурсат металабад. Дар ҳар сурат, қудратҳои бузурги дунё аз кишварҳои тавлидкунандаи нафт хостаанд, ба хотири расидагӣ ба талаботи афзояндаи ҷаҳон ба маводи сӯхт ва ба хотири ҳифзи бозор сармоягузориро ба риштаи нафт биафзоянд.

Панҷ кишваре, ки зикраш рафт, яъне Амрикову Ҷопон, Ҳинду Чин ва Куриёи Ҷанубӣ, дар баёнияи муштараки худ дар остонаи нишасти вазирони энержии гурӯҳи G8 дар Аомори ҳамчунин гуфтаанд, чунин идомаи ҳол дар бозори фурӯши нафт метавонад кишварҳоро ба сармоягузорӣ ба барномаҳои кашфи анвоъи алтернативии энержӣ водор кунад.

Таҳлилгарон мегӯянд, далели аслии ҷаҳиши ахири нархи нафт вокуниши бозорҳои байналмилалӣ ба изҳороти пурсарусадои ноиби сарвазири Исроил Шоул Мофаз буд, ки гуфтааст, агар Эрон ба барномаҳои ҳастаияш ҳамчунин идома диҳад, ҳамла ба он кишвар ногузир хоҳад буд. Эрон, қарори маълум, аз кишварҳои нафтхез маҳсуб шуда, дар рӯз ҳудуди 4 миллион бушка нафт тавлид мекунад ва ҳар рӯз тақрибан дувуним миллион бушка нафт содирот дорад.

XS
SM
MD
LG