Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барак Обама худро пирӯзи сабқат эълом кард


Дар пайи панҷ моҳи муборизаҳо, чунин ба назар мерасад, ки сенатори демократ Барак Обама ба унвони номзади воҳиди ҳизбаш дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ноил шудааст.

Расонаҳои амрикоӣ мегӯянд, ки Обама ба раъйи ба маротиб бештар назар ба 2118 раъйи зарурӣ даст ёфтааст. Хабаргузории Ассошиейтед Пресс ҳисоб кардааст, ки ба тарафдории Обама 2151 нафар ва ба ҷонибдории Клинтон 1915 вакил раъй додаанд.

Барак Обама, сенатори Иллинойс, ки ҳанӯз чаҳор соли пеш ӯро касе намешинохт, нахустин марди сиёҳпӯст мешавад, ки даъвои курсии раёсатҷумҳурии Амрикоро мекунад. Зимни суханрониш дар Миннесота вай дар хитоб ба ҳаводоронаш гуфт, ки дар интихоботи моҳи ноябр дар муқобили номзади ҷумҳурихоҳон Ҷон Маккейн қарор мегирад:

"Амрико, ин фурсати мо аст. Ин замони мо аст. Ин навбати мо аст, ки сиёсатҳои гузаштаро тағйир диҳем. Фурсати мо расидааст, ки барои муқобила бо чолишҳо нирӯи нав ва ақидаҳои навро кор андозем. Замони мо расидааст, ки ба ин кишвари маҳбуби мо самтгириҳои наву тозаро пешниҳод кунем".

Нозирон мегӯянд, рақиби вай Ҳиллари Клинтон зимни суханронӣ дар баробари тарафдоронаш дар Ню-Йорк пирӯзии Обамаро табрик гуфт, аммо аз эътирофи мағлубияташ худдорӣ кард. Вай гуфт:

"Ҳоло суол ин аст, ки аз ин ҷо ба кадом самт ҳаракат мекунем? Барои ман муҳим аст бидонем, ки то куҷо мерасем ва ба ҳайси як ҳизб бояд ба куҷо биравем. Ин як корзори тӯлонӣ буд ва ман имшаб аз тасмимгирӣ худдорӣ мекунам".

Ин дар ҳолест, ки чанд соат пеш аз ин, Ҳиллари Клинтон изҳори омодагӣ кард, ки дар канори Обама ба ҳайси номзади курсии муовини раиси ҷумҳурӣ дар интихоботи моҳи ноябр қарор мегирад. Дар раъйдиҳии гузашта Клинтон дар иёлати Дакотаи Ҷанубӣ ва Обама дар Монтана пирӯзӣ ба даст оварданд.

Дар мулоқот бо тарафдоронаш баъди раъйдиҳии ахир, сенатори Ню-Йорк Клинтон гуфт, ки агар чунин иқдом ба пирӯзии демократҳо дар интихобот мусоидат кунад, вай омода аст номзадӣ ба вазифаи муовини раиси ҷумҳурии Амрикоро андеша кунад. Як узви ҳизби демократ Надя Веласкес дар ин нишаст гуфт, ки ба бовари вай, барои Обама роҳи беҳтарини ба даст овардани раъйи бештари мардум, аз ҷумла аққалиятҳои миллии кишвар дар интихоботи ноябрӣ ин пазириши номзадии Клинтон ба мақоми муовини раисҷумҳурӣ мебошад. Дар посух ба ин изҳорот, Клинтон гуфт, "Агар ин тасмим ба ояндаи ҳизби демократ дар интихобот мусоидат кунад, ман омода ҳастам ба чунин иқдом розӣ шавам".

Аслан изҳороти ахири Ҳиллари Клинтон агар аз сӯе ногаҳонӣ ҳам бошад, аз ҷониби дигар ғайримунтазира нест. Як узви Конгресс Ҳосе Серрано гуфт, "возеҳ аст, ки Клинтон пеш аз ҳама хоҳони бурдани курсии раёсатҷумҳурӣ аст, аммо дар айни замон яке аз хоҳишҳои аслии вай пирӯзии демократҳо дар интихобот мебошад".

Ҳанӯз субҳи 4 июн бархе андешаҳо роҷеъ ба хатми рақобатҳои интихоботии Ҳиллари Клинтон ба гӯш мерасид ва яке аз онҳо, аз забони ҳамсари ӯ раисҷумҳури пешини Амрико Билл Клинтон садо дод. Вай дар Дакотаи Ҷанубӣ гуфт, ки эҳтимолан ин рӯзи охирини ширкати вай дар чунин як мусобиқа хоҳад буд. Вай гуфт, ки ширкат ва кӯмак дар маъракаи таблиғотии ҳамсараш ифтихори бузургест дар тамоми зиндагии вай.

То ҳанӯз Обама, ки шаҳди пирӯзӣ мечашад ва мутмаин аст, ки дар интихобот дар муқобили номзади ҷумҳурихоҳҳо Ҷон Маккейни 71-сола қарор мегирад, дар робита ба ояндаи сиёсии Клинтон чизе нагуфтааст. Аммо набояд фаромӯш кард, ки то имрӯз чандин нафар изҳори умедворӣ кардаанд, ки дар сурати пирӯзии Обама, онҳо ба мақоми муовини раиси ҷумҳурӣ даст хоҳанд ёфт. Дар миёни онҳо аз ҷумла ду номзади пешини интихоботӣ Билл Ричардсон ва Ҷон Эдвардз мебошанд, ки аз Обама пуштибонӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG