Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон майдонро тарк мекунад?


Хабарҳои тазодомези хуруҷи эҳтимолии хонуми Клинтон аз сабқат барои ҳаққи номзадӣ дар интихоботи президентӣ, оғози ақибнишинии ӯ номида мешавад.

Хабаргузории Ассошиэйтед Пресс аз қавли ду мақоми баландпоя дар ситоди Ҳилларӣ Клинтон, довталаб аз Ҳизби демократи Амрико ба мақоми номзад ба интихоботи раёсати он ҷумҳурӣ, навишт, ки Клинтон шоми имрӯз зимни як суханронӣ дар баробари тарафдоронаш дар Ню-Йорк шикасти худ дар ин сабқат ва пирӯзии рақибаш Барак Обамаро эътироф хоҳад кард.

Хабаргузорӣ навишт, ки ба ин тартиб, Клинтон аз ин сабқати тӯлонӣ ва пуршӯр хориҷ мешавад.

Аммо чанд дақиқа баъд аз нашри ин хабар, раҳбари ситоди Ҳилларӣ Клинтон Террӣ МакАулифф хабари Ассошиэйтед Прессро нодуруст номид ва гуфт, Клинтон шаби сешанбе эътирофи шикаст карданӣ нест.

Дар арафаи охирин раъйгириҳои муқаддамотии Ҳизби демократ, ки имрӯз дар аёлатҳои Дакотаи ҷанубӣ ва Монтана доир мешаванд, Барак Обама раъйи мувофиқи 2073 вакили анҷумани ҳизбро ба даст оварда, барои касби пирӯзии комил ба ҳимояти ҳамагӣ 45 вакили дигари анҷумани ҳизбаш ниёз дошт.

Ҳилларӣ Клинтон бо 1915 раъй аз Обама ақиб мемонд, вале то ҳол сарсахтона ба муборизааш идома медод.

Номзади Ҳизби демократ дар моҳи ноябр дар интихоботи президентӣ бо номзади ҷумҳурихоҳон Ҷон МакКейн вориди рақобат хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG