Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигоҳе ба интихоботи Гурҷистон


Интихоботи як ҳафта қабли порлумонии Гурҷистон, ки бино бар натоиҷи эълоншудааш, бо пирӯзии ҳизби ҳокими Ҷунбиши иттиҳоди миллӣ анҷом ёфт, таассуроти зиддунақизеро аз худ барҷой гузошт.

Бо вуҷуди даъватҳои мукаррари раисҷумҳур Саакашвили, роҷеъ ба мавридҳои нақзи қонуни интихобот ва тахаллуфот дар ҷараёни ин маърака шикоёти зиёде расидааст. Нозирони байналмилалӣ низ ба вуҷуди чунин тахаллуфот ишора мекунанд, вале мегӯянд, интихоботи рӯзи 21 май назар ба интихоботи раёсати ҷумҳурии Гурҷистон, ки моҳи январ доир шуд, хубтар гузаштааст.

Вале оё чунин интихоботи нисбатан хубтар, вале боз ҳам ҳамроҳ бо тахаллуф барои кишваре, ки бо шиъорҳои демократӣ инқилоби рангаӣ барпо кардаву, акнун мехоҳад ба маҳфили давлатҳои демократии дунё бипайвандад, қобили таҳсин ҳаст?

Саакашвили ба шиддат аз мақомоти давлаташ тақозо мекард, даст ба тақаллуби интихобот назананд, мардумро натарсонанд ва ба равандҳои демократӣ дахолат накунанд. Ва замоне, ки раъйгирӣ дар Гурҷистон ҳанӯз идома дошт, Саакашвили аз нахустинҳо шуда эълон кард, ки ин маърака озоду одилона ва демократӣ гузаштааст.

Вале ҳамин тавр, ҳанӯз раъйгирӣ ба поён нарасида, шикоятҳо дар бораи фишору тарс додан ва кӯшиши харидани орои интихобкунандагон низ расидан гирифт. Як зан дар Тифлис, ки писараш зиндонӣ будааст, мегуфт, мақомоти маҳаллӣ ба ӯ ваъда додаанд, ки агар аз ҳамсояҳояш ба нафъи ҳизби ҳоким 1500 раъй ҷамъ оварад, фарзандашро раҳо хоҳанд кард. Як мудири мактаб дар ғарби Гурҷистон дар як номаи саркушода навишт, ки ӯву ҳамкоронашро фишор овардаанд, то ки омӯзгорон ва волидайни хонандагонро ба тарафдорӣ аз ҳизби Саакашвили дар интихобот ташвиқ кунанд. Ва ин танҳо чанд мисоли алоҳида набуд. Чунин шикоёт дар рӯзи интихобот аз гӯшаҳои гуногуни Гурҷистон ба гӯш мерасид.

Аммо чаро мақомоти гурҷӣ бо вуҷуди даъватҳои мукаррари президент Саакашвили аз дахолат дар умури интихобот парҳез накарданд? Бадбахтона, тавре ба назар мерасад, дар кишварҳои ҷавони демократие, чун Гурҷистон, суннатҳои зиддидемократӣ хеле ба сахтӣ ҷон месупоранд.

Назарсанҷиҳо аз қабл пирӯзии Ҷунбиши иттиҳоди миллиро дар интихоботи 21 май пешгӯӣ мекарданд. Шояд ҳизби ҳоким аз се ду ҳиссаи раъйҳоро соҳиб намешуд, вале дар ҳар сурат, даст ба пирӯзӣ меёфт. Аз ин рӯ ҳеҷ зарурате ба тахаллуф набуд. Мақомоти маҳаллӣ аммо даъватҳои Саакашвилиро нодида мегирифтанд ва ё чунин рафтор дар хуни онҳо нишастааст, ки дар ҷараёни раъйгирӣ ҳамчунон талош мекарданд, ба фоидаи ҳизби ҳоким орои бештар ба даст биоваранд.

Мухолифини гурҷӣ низ барои беобрӯ кардани ин маърака тамоми кори мумкинро карданд. Онҳо аз қабл мегуфтанд, ҳар навъ натиҷаи дигари интихобот, ба ҷуз аз пирӯзии худро аломати хилофкорӣ арзёбӣ хоҳанд кард. Ва ба қавли худ истоданд. Раҳбарони мухолифин ба дунболи маълум шудани натоиҷи интихобот эълон карданд, ки порлумони навро таҳрим мекунанд.

Шояд мухолифин дар ҳар сурат, даст ба чунин иқдом мезаданд. Вале мавридҳои аз сӯи нозирони маҳалливу байналмилалӣ сабт ва санадшудаи хилофкорӣ дар ҷараёни интихобот чунин мавзеъгирии мухолифини сарсахт ва оштинопазири Саакашвилиро машрӯъият эъто мекунад. Ва Гурҷистонро ба ҳамон ҳолати пешини бунбаст ва халоъи даврони пасошӯравӣ бармегардонад.

Нозирони байналмилалӣ, бо вуҷуди изҳори нигаронии шадид дар бораи шикоёти расида пиромуни тахаллуфот, дар ҳар сурат, интихоботи парлумонии Гурҷистонро дар муқоиса бо интихоботи президентии моҳи январ қадаме ба пеш хонданд. Бархе ин маъракаро ҳатто поктарин интихобот дар таърихи Гурҷистон низ ном мебарад. Аммо барои кишваре, ки дар воқеъ, нафақат ба ном мехоҳад, ба маҳфили мӯътабари демократияҳои ғарбӣ бипайвандад, чунин тавсифи интихоботаш чандон хуб нест. Танҳо Саакашвили набуд, ки мехост худро дар ин интихобот нишон диҳад. Тамоми Гурҷистон инро мехост.

XS
SM
MD
LG