Анатолий Рябсев, раиси Кумитаи захоири оби Қазоқистон гуфт, кишвараш бо захоири оби фаровон таъмин нест. Ӯ гуфт, мақомоти кишвараш талош ба харҷ медиҳанд, ки ин мушкилро бо кӯмаки ҳамсояҳои худ - Қирғизистон, Ӯзбакистон, Тоҷикистон, Русия ва Чин ҳал кунанд. Гуфта шуд, Қазоқистон конвенсияи истифода аз захоири обро комилан риоя мекунад ва дар ин замина маҷрои оби рудхонаи Иртишро ба Русия тағйир доданӣ нест. Ба гуфтаи вазири захоири оби Қазоқистон, 80 дарсади оби кишвараш шӯр ва қобили истифода намебошад ва дар ҳудуди 75 дарсади ҳаҷми оби қобили истифода барои обёрии зироат равона шудааст. Анатолий Рябсеф гуфт, аз 16 миллион аҳолии кишвараш фақат дасти кам панҷ миллион нафар бо оби тозаи ошомиданӣ таъминанд ва аз дуюним миллион ҳектар замини таҳти кишт дар ҳамин ҳол беш аз якуним миллион ҳектар боқӣ мондааст.
Бароталӣ Қушматов, мудири Департаменти хоҷагии оби Қирғизистон иброз дошт, кишвараш дар радифи ҳамсояҳо тарафдори ҳамоиши танзим ва истифодаи захоири оби рӯдхонаҳо мебошад. Мудири Департаменти хоҷагии оби Қирғизистон тазаккур дод, ки аммо кишвараш бидуни кӯмаки созмонҳои байналмилалии молӣ ва ҳамсоякишварҳо иншооти шабакаҳои обёриро дубора барқарор карда наметавонад. Оқои Қӯшматов гуфт, мақомоти кишварҳои ҳамҷавор, ки дар фаромарзии оби рӯдхонаҳо воқеъ гаштааст, бояд дарк кунанд, ки оби рӯдхонаҳои дар қаламрави кишвараш захирагардида садҳо ҳектар ҷангалро аз байн мебарад ва ҳаҷми хисороти он миллионҳо долларро ташкил хоҳад кард. Бароталӣ Қӯшматов гуфт, дар мавриди рафъи ин мушкилот кишварҳои ҳамҷавор бояд бо Қирғизистон ҳамкорӣ кунанд. Ба гуфтаи мавсуф, аз захира кардани об Қирғизистону Тоҷикистон ягон мафоди иқтисодӣ намебинанд.
Саиди Яъқубзод, вазири обёрӣ ва захоири оби Тоҷикистон гуфт, дар кишвараш беш аз панҷоҳ дарсади оби минтақа ташаккул меёбад ва ҷумҳурӣ аз захираҳои оби ошомиданӣ низ фаровон аст, ки метавонад, даҳҳо миллион аҳолии минтақаро бо оби ошомиданӣ таъмин намояд. Вай афзуд, фақат тавассути кӯли Сарез дасти кам чил миллион нафар аз оби ошомиданӣ бархурдор хоҳанд шуд. Ба гуфтаи Саид Яъқубӣ, аммо дар ҳамин ҳол дасти кам се миллион аҳолии кишвараш мунтазам ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд. Вазири обёрӣ ва захоири оби Тоҷикистон гуфт, кишвараш бо кӯмакҳои молии Русия ва Ирон нерӯгоҳҳои Сангтуда-1 ва Сангтӯда-2-ро бунёд хоҳад кард. Аммо музокирот ҷиҳати фаъол сохтани кори нерӯгоҳи Роғун бо сармоягузорони хориҷӣ идома дорад. Саид Яъқубӣ гуфт, Тоҷикистон меъёрҳои муқарраркардаи байналмилалиро дар мавриди истифодаи оби рӯдхонаҳо фақат бо дарназардошти ҳимояи манфиатҳои мардуми кишвар риоят хоҳад кард.
Нишасти Бишкек рӯзи 29 май низ ба кори худ идома хоҳад дод.