Гурӯҳи нави омӯзиши ронандагӣ ройгон барои тақрибан 30 ҷавони лолу ношунаво дар мактаби ронандагии шаҳри Душанбе бо мусоидати раёсати бозрасии автомобилии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Амирхӯҷа Абдухолиқов, сардори мактаби ронандагии пойтахт мегӯяд, ин ҷавонон ҳуқуқи идораи ҳамагуна тамғаи автомобилии сабукравро дошта, ба онҳо шаҳодатномаи дараҷаи «Б» дода мешавад. Ӯ мегӯяд, дар мошинҳои ҷавонони лолу ношунаво аломати махсус гузошта мешавад, ки дорои ранги зард ва се нуктаи бузурги сиёҳ аст.
Дарсҳои назариявӣ оид ба омӯзиши қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, тармими автомобил ва амсоли инҳо ба ҷавонони маълул бо имову ишора омӯзонида мешавад. Наврӯз Ҳусейнов, омузгори омӯзиши ронандагӣ мегӯяд, аксари ҷавонони маълул ба мушкили бекорӣ мувоҷеҳанд ва аз худ кардани ҳунари ронандагӣ барои беҳбуд ёфтани зиндагии бисёре аз онҳо мусоидат хоҳад кард.
Тибқи омори расмӣ дар Тоҷикистон 21 ҳазор лолу ношунаво ба сар мебаранд, ки аксари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд ва аксарияти онҳо дар ҳоли фақру нодорӣ ба сар мебаранд.