Бисёре аз коршиносон ва таҳлилгарони тоҷик ба ин назаранд, ки масъулини вазорати энержӣ ва ширкати «Барқи тоҷик» нахоҳанд тавонист масъулияти бар ӯҳдашон гузошта дар ҷиҳати баровардани ниёзҳои мардумро дар фурсати шаш моҳ иҷро кунанд. Ва аз суи дигар ҳам барканор шудан аз вазифаҳояшон масъулини ин ниҳодҳоро, мегӯянд коршиносон, баъид аст, ки таҳдид кунад. Чаро?
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, таҳлилгарои тоҷик мегӯяд, барои иҷро шудани барномаҳои энержӣ ва таъмини иҷтимоӣ ва барои он ки масъулин битавонанд дар ин муддат супоришҳои гирифтаро иҷро кунанд, ба сармоягузорӣ ниёз аст. Аммо, мегӯяд оқои Умаров, аз замони баргузории ҷаласаи солонаи ҳукумат то кунун барои бахши энержӣ сармоя ворид нашудааст.
Тоҳири Абдуҷаббор, таҳлилгари дигари тоҷик низ ба ин бовар аст, ки ваъдаи раисҷумҳур низ дар мавриди барканории онҳо дар сурати иҷро нашудани дастурҳо амалӣ нахоҳад шуд.
Аммо бархе дигар аз коршиносон мегӯяд, раиси давлат мақомҳои мухталифро дар гузашта ҳам ҳушдор ва барои ислоҳи кор муҳлат дода буд, ки ҳамчунон на кор ислоҳ шуд ва на масъулин аз мақомҳояшон барканор.
Ба ҳар ҳол, ҳама ба ин назаранд, ки дар сурати иваз шудани масъулин низ баъид аст, дар ин соҳа бо таваҷҷуҳ ба мушкилоти мавҷуд пешравие ҳосил шавад. Аммо як чиз мусаллам аст, ки масъалаи таъмин бо барқ ҳануз ҳам мушкил боқӣ мондааст ва бо поён ёфтани тобистон буҳрони шадидтареро пешбинӣ метавон кард. Аммо то фурсати эълоннамудаи раисҷумҳур ҳам вақти чандоне боқӣ намондааст, ки бубинем кӣ ба ваъдаи худ амал хоҳад кард. Вазирон дар ҷиҳати иҷрои супоришҳо ва ё раисҷумҳур дар ҷиҳати барканории онҳо.