Дар ин бора зимни сафари раиси ҷумҳурии Русия ба Чин изҳороти раисони ҷумҳури ду кишвар пахш шуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад, ки гӯиё барномаи сипари мушакии Амрико дар Аврупо "ба талошҳои байнулмилалӣ дар роҳи халъи силоҳ латма мезанад".
Тибқи нақшаи мушакии ҷониби Иёлоти Муттаҳида, дар назар аст, ки дар ду кишвари аврупоӣ - Ҷумҳурии Чех ва Лаҳистон – сипари зиддимушакии Амрико насб гардад ва феълан дар ин робита музокироти ҷонибҳо идома дорад. Ҳадафи истиқрори ин сипарҳо таъмини амнияти Аврупо ва ҷилавгирӣ аз имкони ҳамлаҳои мушакӣ ба кишварҳои ин минтақа гуфта мешавад.
Дар ҷараёни дидори Дмитрий Медведев аз Чин, ки якумин сафари ӯ ба ин кишвар пас аз расиданаш ба маснади раиси ҷумҳурии Русия мебошад, миёни ду кишвар як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф ба имзо расид.