Дар бархе аз кишварҳо, ки умдатан пешрафта ҳастанд, порлумон нақш ва нуфузи табиъии худро соҳиб шудааст вале дар кишварҳои собиқ шӯравӣ, аз ҷумла ҷамоҳири Осиёи марказӣ, барои порлумон танҳо нақши зоҳирӣ қоил шудаанд. Ва ин шохаи ҳокимият, ки ба таври мустақим ва дастаҷамъӣ аз мардум намояндагӣ мекунад, дар идораи давлат аз як ниҳоди даступобаста ва мутеъи ҳукумат бештар нест.
ДарҳолиҳозирдарТоҷикистонпорлумонидумаҷлиса – МаҷлисиМиллӣваМаҷлисинамояндагон – амалмекунад.
Ислоҳоти ахир дар Қонуни асосии Тоҷикистон дар тобистони соли 2003 аз салоҳият ва ихтиёроти Маҷлиси намояндагон – ниҳоди олии қонунгузори кишвар – бар манфиъати ҳокимияти иҷроия, ба вижа раиси ҷумҳурӣ, коҳиш дод. Дар ҳоле ки порлумон табиъатан мебоист аз густариши ҳокимияти мутлақи раиси ҷумҳурӣ ҷилавгирӣ ва боиси тавозуни қудрат дар идораи давлат бошад, ислоҳоти ахир дар қонуни асосӣ нақши порлумонро дар низоми ҳокимият камранг кард. Зеро он афзалият ва бартарии беш аз меъёр ва ихтиёроти ,бештареро ба президент дод. Ва бо гузашти се сол аз замони оғоз ба кор кардани Маҷлис дар чаҳорчӯби ин қонуни ислоҳшуда мавориде, ки як вазир ва ё раиси кумитаи вобастаи ҳукумат дар назди порлумон аз фаъъолияти худ гузориш дода бошад, ба мушоҳида нарасидааст.
Дар ҳоле, ки дар баробари эҷоди қонун назорати иҷроиши он ва баррасии фаъъолияти ҳокимияти иҷроия кори табиъии намояндагони мардум ва моҳияти вуҷуди порлумон бояд бошад, Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз ин салоҳият ва ҳаққи зотии худ маҳрум шудааст.
Вакил аз ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, вақте ки ба таври қонунӣ салоҳият ва ихтиёроти асосии Маҷлис маҳдуд карда мешавад, порлумон танҳо ба як маҳфили эҷодгарони қавонин табдил меёбад: «Назорат аз болои қонун тибқи қонунгузории кишвар дар дасти мақомоти иҷроия ва бахусус додситонӣ(прокуратура) аст ва Маҷлис ин салоҳиятро надорад. Барои ҳамин, шояд то ҳадде назорат аз болои иҷроиши қонунҳо ва гирифтани ҳисобот аз рафти иҷрои қонунҳо аз мақомоти иҷроия ба салоҳиятҳои Маҷлис ворид карда шавад, чун, агар Маҷлис ин салоҳиятро надошта бошад, танҳо табдил мешавад ба як мақоме, ки қонун тавлид мекунад, вале дар иҷроишавӣ ва амалсозии он ҳеҷ саҳме надорад. Ва ин, албатта, ноқисии ҷиддӣ дар кори Маҷлис аст».
Ин нуктаро Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ ва намояндаи ин ҳизб дар Маҷлиси намояндагон, низ таъйид кард. Оқои Шабдолов, ки таҷрибаи беш аз биступанҷсолаи корӣ дар порлумонро дорад, бар ин нукта ишора намуд, ки қавонини фаъолияти порлумонро танзимкунанда тавре ислоҳ карда шуданд, ки Маҷлис наметавонад аз як масъули ҳокимияти иҷроия ҳисобот дархост кунад: «Солҳои пеш ҳисоботи вазирон ва ё иттилоъоташонро дар мавриди ин ё он мавзӯъ баррасӣ менамудем. Лекин ҳозир ба Маҷлиси намояндагон чунин ҳуқуқ дода нашудааст. Ғайр аз бонки миллӣ дигар ниҳоде дар назди Маҷлиси намояндагон ҷавобгӯ нест. Инҳо ҳамаашон дар назди ҳукумат ҷавобгӯ ҳастанд. Дар маҷмӯъ аз рӯи қонуни амакунанда, мутассифона, вазоратҳо пеши Маҷлиси намояндагон ҳисоботдиҳанда нестанд».
Раҳматуллоҳ Зойиров,раиси ҲСДТ ва аз ҳуқуқшиносони варзидаи тоҷик, дар ин бора назари дигар дорад. Ӯ ба таври қонунӣ маҳдуд шудани ихтиёроти порлумонро таъйид карда, ҳамзамон гуфт, ки ин худи вакилони Маҷлис ҳастанд, ки беҷуръатӣ ва камфаъъолиятӣ нишон медиҳанд: «Бархе аз ин гуфтаҳои вакилон дуруст аст. Барои мисол, қонуни бюҷетро қабул мекунанд, аммо иҷрои он дар ихтиёри ҳокимияти иҷроия аст. Ё ки қонуни афвро танҳо президент метавонад қабул кунад. Бюҷет баъди қабул дар Маҷлиси намояндагон бевосита ба президент равона карда мешавад. Ин чизҳо ҳастанд. Аммо ин то он дараҷа муҳим нест, ки, агар базаи кадрии порлумони Тоҷикистон пурқувват бошаду ҳуқуқҳои худро дуруст истифода карда тавонад. Дар Тоҷикистон ҳамин хел шудааст, ки маънидод ва шарҳи конститутсия ба порлумон ҳавола карда шудааст, аммо парламенти Тоҷикистон ин ваколати худро истифода карда наметавонад, ин аз беҷуръатӣ ва бесалоҳиятӣ мешавад».
Ба ақидаи раиси созмони ғайридавлатии «Дурнамо» Ойниҳол Бобоназарова, дар фаъъолияти муассири порлумон на танҳо салоҳият ва ихтиёроти густарда нақши муҳим дорад, балки, вақте дар таркиби порлумон ҷиноҳҳои мухталиф бештар мешаванд, намояндагони мардумӣ, ки ниҳоди алоҳидаи ҳокимиятро дар низом зери назорат мегиранд, метавонанд дар рушди ҷомиъа ва манфиъати мардум самарабахш фаъъолият кунанд. О. Бобоназарова мегӯяд: «Вақте масъалаи ҳукми қатлро мо хостем бекор кунем, ман бо чанд депутат вохӯрдам ва онҳо мегуфтанд, ки ҳоло дар Тоҷикистон ин шароит пеш наомадааст ва ғайра. Баъди якчанд вақт ин чизро худи президент бо фармонаш бекор кард. Мо таҳлил кардем, ки баъди эълони моратория ҷиноятҳои сахт зиёд нашудааст, яъне ки ҳеҷ ҷои хавфаш нест. Инро бояд вакилон иҷро мекарданд. Аммо, афсӯс, аз тарафи вакилон ин корҳо иҷро нашуда истодааст. Албатта, дигаргунӣ дохил кардан даркор, ваколатҳои порлумонро васеъ кардан даркор. Аммо, агар васеъ ҳам кунему вале психология ва ҷуръати онҳо ин тавр бошад, ҳеҷ чиз дигар намешавад».
Ба ақидаи Сафаралӣ Раҷабов, раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ дар порлумон ва аз раисони собиқи Маҷлиси олии Тоҷикистон, ихтиёроти порлумон дар кишвар тавассути қонун маҳдуд карда нашудааст, ва, агар заъфе ҳам дар кори Маҷлис ба мушоҳида мерасад, он дар асл заъфи худи вакилон аст, ки аз салоҳиятҳои худ ба таври кофӣ истифода бурда натавонистаанд: «Дар давраи ҳамон нооромиҳо, баръакс, ҳуқуқи порлумон – Маҷлиси олӣ –бештар буд. Бештари ваколатҳо ба порлумон ба Маҷлиси олии Тоҷикистон дода шуда буд. Соли 2003 ба конститутсия баъзе иловаҳо ворид карда шуданд. Дар ҷараёни ворид кардани ин иловаҳо баъзе масоъили муҳимми давлатӣ, ки дар Тоҷикистон асосан идораи президентӣ ҷорӣ карда шудааст, баъзе ваколатҳо, албатта, ба президенти Тоҷикистон дода шуд. Аммо рафти иҷрои бюҷети Тоҷикистон ба зиммаи Маҷлиси намояндагон вогузошта шудааст. Назорат шояд чандон аз тарафи порлумон ба таври бояду шояд ба роҳ монда нашуда бошад. Лекин ин на бо айби конститусия, на қонун, на каси дигар аст. Порлумон чунин ҳуқуқро дорад ва метавонад рафти иҷрои бюҷетро вақти лозим дар давоми сол ҳар муассисаву ҳар соҳаеро аз рӯи зарурат муҳокима кунад. Ин, албатта, ҳуқуқи қонунӣ ва конститутсионии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аст.
Ба ин тартиб, ба бовари бештари коршиносон, вақте ки ҷомиъа бо чунин вазъ рӯбарӯ аст, хуб мебуд, ки шумори вакилони Маҷлиси намояндагон ҳадди ақалл то нисф коҳиш дода шавад. Зеро шумори вакилон мунтаҳо дар натиҷаи кори Маҷлиси олӣ таъсир нахоҳад дошт.