Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин блоги футболӣ бо забони тоҷикӣ


Нашрияи сиёсии «Фараж» ин ҳафта ба суоли «Пулҳои майдони «Озодӣ» куҷо шуданд?» посух ҷустааст. Муллоҳайдар Шарифзода, собиқ қозии мусулмонони вилояти Кӯлоб, ки масъулияти маркази иттилоъотии майдони «Озодӣ»-ро низ бар дӯш доштааст, дар сӯҳбат бо ин нашрия мегӯяд, аз чи гуна масраф шудани маблағи марбут ба ин майдон огоҳ нест. Аммо гуфтааст, майдони «Озодӣ» дар ихтиёри худ чаҳор халта пул дошт ва одатан онҳоро 20 силоҳдори кӯлобӣ муҳофизат мекарданд.

Ҳафтаномаи сиёсии «Нигоҳ» ин ҳафта рӯйи танзими масҷид ва масҷидравии наврасон дар ноҳияи Ваҳдат тамаркуз кардааст. Ин нашрия мегӯяд, як кумиссиюни вижа дар ноҳияи Ваҳдат барои баррасии фаъолияти масоҷиди панҷвақта ва ҷомеъ шурӯъ кардааст ва ба таъкиди «Нигоҳ», ҳадаф аз таъсис ва амалкарди ин кумиссиюн танг намудани минбари васеъ ва озоди мавъизагарон, аз ҷумла рӯҳонии шинохта Эшони Нуриддин мебошад. Раҳбарони ин кумиссиюн ба «Нигоҳ» гуфтаанд, ин кумиссиюн ҳамчунин аз фурӯши фиттаҳои аудиоӣ ва видеоӣ, ки ҳомили «суханҳои ғайрирасмӣ ва зиддидавлатӣ» аст, ҷилавгирӣ хоҳанд кард. Нашрия мегӯяд, ин ангушти ишора ба сӯи Эшони Нуриддин аст, ки ҳамеша дар қиболи тасмимҳои ҳукумат мисли бархе дигар аз рӯҳониёни кишвар хомӯш намеистад.

Дар ҳамин ҳол, нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон – «Наҷот» навиштааст, ки «сулҳу ваҳдат якҷониба намешавад». Мутаассифона, ба навиштаи ин нашрия, бо гузашти 11 сол аз имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон бархе аз мақомдорони кишвар то ҳанӯз ба собиқ аъзои Иттиҳоди мухолифин санги маломат мезананд ва ба эшон бо назари шубҳа менигаранд ва муносибат мекунанд. Нашрия мегӯяд, бо вуҷуди он ки тайи чанд соли ахир ҳукумати Тоҷикистон рӯйи номи Сайд Абудуллоҳи Нурӣ ҳамчун як ҷониби сулҳкунанда хати сиёҳ кашида, буд, аммо ҷаҳон Нуриро ба унвони як фарди сулҳовар ва сулҳофар эътироф кард. Нашрия мегӯяд, моҳи июн ҳам наздик меояд ва Тоҷикистон бо як ҳамҳамаю дамдама ҷашни рӯзи Ваҳдатро таҷлил мекунад. Ҷашни сулҳе, ки ҳамеша як ҷониб, яъне ҷониби ҳукумат тавсиф мешаваду ҷониби мухолифин маҳкум.

Ҳафтаномаи «Миллат», ки дар ҳафтаи гузашта ба қазияи пурсарусадои Ҳасан Асадуллоҳзода, раҳбари ширкати Ориёнбанк ва ҳам додарарӯси президент Раҳмон, руҷӯъ карда ва ваъдаи нашри посухи ӯро дар мавриди зинда ё зинда набуданаш дода буд, бепосух гузоштааст. Аммо ҳафтанома бо суоли ин ки «Ҳасан Асадуллоҳзода кист?» як назархоҳии кӯчакро анҷом додааст. Бисёриҳо дар посух ба ин суол гуфтаанд, ки Ҳасан Асадуллоҳзода то замони пайдо шудани ин овозаҳо як бонкири оддӣ буд, вале ин овоза ӯро ба як чеҳраи калидии кишвар ва ҳатто чеҳраи фароминтақавӣ табдил дод.

Ҳафтаномаи «Азия-плюс» ин ҳафта рӯйи тақдири минбаъдаи моҳиҳо дар Тоҷикистон андешидааст. Ин нашрия бо такя ба қавли коршиносон гуфтааст, агар муносибати сокинони кишвар бо моҳиён чунин бераҳмона идома бикунад, дар тӯли 5-10 даҳ соли дигар дар кишвар пайдо кардани моҳӣ хеле душвор ё номумкин хоҳад гардид.

«Миллат» ҳамчунин аз боз шудани нахустин торнигори вижаи футболи Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ хабар додааст. Нашрия навиштааст, ин торнигор дар рушди забони тоҷикӣ дар интернет ва афзоиши таваҷҷӯҳ ба футболи Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG