Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

120 миллион доллар – барои ду наққошӣ


Роман Абрамович аз хариди худ розӣ аст
Роман Абрамович аз хариди худ розӣ аст

Як фарди ношинос дар музоядаи Ню-Йорк барои ду асари наққошӣ 120 миллион доллар пардохт кардааст.

“Сегона”-и мусаввири маъруфи ирландӣ Фрэнсис Бэкон, ки гуфта мешавад, дар он дарди ниҳонии муаллиф таҷассум ёфтааст, бо қимати беш аз 86 миллион доллар ба фурӯш рафтааст. Барои асари дигар “Нозирхонуми хуфта”, офаридаи рассом Люсен Фрейд, ки набераи донишманди маъруф Зигмунд Фрейд аст, тақрибан 34 миллион доллар пардохт шудааст.
Баъди анҷоми музоядаҳо хабаре пахш шуд, ки он “фарди ношинос” миллиардери рус ва соҳиби дастаи футболи “Челсӣ”-и Лондон Роман Абрамович мебошад.
Хабари аз сӯи Абрамович харидорӣ шудани ин ду асарро «ArtNewspaper»-и чопи Лондон нашр кардааст, вале масъулини музоядаҳо аз таъйид ва ё такзиби он худдорӣ намуданд.
Харидории “Сегона”-и Фрэнсис Бэкон ва “Нозирхонуми хуфта”-и Люсен Фрейд бо маблағи бузург суъолеро ба миён овард, ки кадом омилҳо афроди сармоядорро барои харидории ин шоҳкорҳои санъати тасвирӣ таҳрик медиҳад? Ба вижа, ки онҳо қаблан ба харидории ин гуна асарҳои санъат таваҷҷуҳе надоштанд. Алекс Бранкзик, муъовини раиси музоядаи “Sotheby’s” ба Радиои Озодӣ гуфт: Ин муҳаббат ба санъат аст ва, ман фикр намекунам, ин афроди ин сатҳ ба шоҳкорҳои санъат чун ба василаи сармоягузорӣ назар кунанд. Ва ҳамзамон ҳеҷ кас ҳам чизеро харидорӣ намекунад, ки қурбаш баъдан пойин равад, аз инрӯ онҳо хуб таҳқиқ мекунанд, вале боз ҳамин кори дил аст ва на сармоя”.
Вале на ҳама бо ин ақида мувофиқанд. Стюарт Мур, рассом ва ҳунарманди чех, мегӯяд, ки ҳадаф аз харидории шоҳкорҳои санъат, қабл аз ҳама, ҳифзи сармоя аст, зеро имрӯз бозори санъат аз бозори иқтисод волотар маҳсуб мешавад. Ӯ меафзояд, ки бо харидории асарҳои санъат сармоядорон маблағи худро барои солҳо ҳифз мекунанд, зеро бо гузашти айём қимати асарҳои бузурги санъат фақат боло меравад.
Вале аз нигоҳи Сюарт Мур “муҳим он нест, ки сармоядор шоҳкории санъатро бо кадом ҳадаф харидорӣ кардааст, балки муҳим он аст, ки ин асар барои наслҳои оянда ҳифз хоҳад шуд”.
Анъанаи сармоягузорӣ ба санъат садсолаҳо боз идома дорад. Қарнҳои пеш попҳои Рум, кардиналҳо, шоҳзодаҳо ва сармоядорон барои харидории асарҳои санъати тасвирӣ маблағи бузург сарф мекарданд. Аз ҷумла, яке аз бузургтарин шоҳкориҳои санъат – "Капеллаи Систин" – соли 1480 дар Вотикони Рум бо дархости поп Сиктуси чаҳорум аз сӯи мусаввирони машҳури он айём, аз ҷумла Ботичеллӣ ва Гирландао, эҷод шудаст.
Тақрибан 30 сол баъд попи дигари Рум Ҷулиуси дувум аз Микеланҷело хост, ки сақфи Капелларо музайян кунад. Ва ин шоҳкорҳо садсолаҳо чун разми санъати воло боқӣ хоҳанд монд, ҳарчанд на ҳама медонанд, ки онҳо чи гуна ва бо кадом қимат эҷод шудаанд.
XS
SM
MD
LG