Дар ҳамин ҳол, ахиран, дар минтақаи зилзилазадаи Чин бар асари сел беш аз 200 тан аз наҷотбахшон ба ҳалокат расиданд.
Ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки гурӯҳҳои наҷотбахшӣ ба рафъи оқибатҳои заминларза машғул буданд. Рӯзи якшанбе бар асари заминларзаи такрорӣ дар манотиқи ҷанубу ғарби Чин се нафар ба ҳалокат расида, тақрибан ҳазор нафар маҷрӯҳ шуданд.
Шурӯъ аз имрӯз Чин ба хотири қурбониёни ин фоҷиа се рӯз мотам хоҳад дошт. Имрӯз мардум дар сартосари кишвар ба ёди қурбониён се дақиқа сукут карданд.