Дар ҳамин ҳол, ҳудудан 30 кишвари донори ин созмон тавассути "Наҷоти кӯдакон" ба мардуми Мянмар аллакай маводди ғизоӣ, ҷойгаҳи хоб, паноҳгоҳҳои муваққат, аз ҷумла хаймаҳои пластикӣ, васоили таҳияи ғизо, ва дигар маводро ирсол кардаанд. Хонум Аманда инчунин гуфт, ҳадафи онҳо аз муроҷиат ба ҷомиъаи ҷаҳонӣ ин аст, ки кишварҳои бештари ёрирасон дар фурсати кӯтоҳ ва фаврӣ ба кумаки атфоли Мянмар шитобанд: "Мо хоҳони расидагии бештар ва ҳарчи зудтар ба кӯдакони Мянмар ҳастем. Ҳар қадар дертар мо ба ин бачаҳо дастрасӣ пайдо кунем, ҳамон қадар дертар мо ба кумаки онҳо мерасем. Ва ман мехоҳам аврупоиҳо ва дигар бахши ҷомиъаи ҷаҳониро дасткушоду саховатманд бубинам, то баъдан мо ҳаҷми ёриҳои ироъашавандаро баробари дастрасӣ ба кӯдакон афзоиш диҳем".
Аманда Вайсбаум, раҳбари бахши вокунишҳои сареъи созмони "Наҷоти кӯдакон", эътироф мекунад, ки муқобила бо пайомадҳои офтаҳои табиъии Мянмар кори саҳле нахоҳад буд ва ин ҷараёнҳо муддати зиёд тӯл хоҳад кашид. Ба таъкиди ӯ, дар канори ин созмон, дар дохили Мянмар чанд созмони дигари ёрирасон, мисли
Ин ҳам дар ҳолест, ки то имрӯз ба ин созмон даст додааст ба 140 000 каси аз тӯфони маргбори "Наргис" зарардида дасти ёрӣ дароз кунад. Хонум Аманда афзуд, масъалаи дигари мавриди нигаронии онҳо сарнавишти атфолест, ки аз хонаводаҳои худ ҷудо шудаанд: "Мо хеле нигаронем, ки шуморе аз фавтидаҳоро волидон ва ё худи фарзандон хоҳанд буд. Аз ин рӯ, мо ба ин мавзӯъ чун ба бахше аз кори худ дар самти ҳимояти кӯдакон мепардозем".
Барои онҳое, ки мехоҳанд ба кӯдакони Мянмар кумак кунанд, созмони "Наҷоти кӯдакон" тавассути саҳифаи интернетии худ ҳисоби хайрия боз кардааст, ки маблағҳои онро барои харидории ғизову васоили дигари мавриди ниёзи атфол ирсол хоҳанд кард.