Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафир озод шуд


Ҳукумати Покистон гуфт, ки сафири ин кишвар дар Афғонистон, ки аз ҷониби як гурӯҳи машкуки исломӣ се моҳи пеш рабуда шуда буд, сиҳҳату саломат пайдо шуд. Тариқ Азизуддин, ронанда ва муҳофизи вай, ки 11 феврал аз марз ба самти Кобул ҳаракат мекарданд, нопадид шуданд.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Покистон Муҳаммад Содиқ рӯзи 17 май гуфт, ки оқои Азизуддин пайдо шуд ва сиҳҳатии ӯ хуб аст. Ронандаву муҳофизи вай ҳам зиндаву саломат ҳастанд, гуфт вай.

Раҳоии вай аз банди ҷангиён як моҳ баъди он гузориш мешавад, ки дар телевизиони ал-Арабия, воқеъ дар Дубай навори видеоии оқои Азизуддин намоиш дода шуд. Вай гуфт, ки фишори хунаш баланд асту дарди қалбро эҳсос мекунад. Ва дар ҳоле, ки тири туфанги ҷангие ба сари вай равона шуда буд, аз ҳукумати Покистон дархост кард, ки талаби рабояндагонро, ки аз онҳо чун гурӯҳи "муҷоҳидини Толибон" ёд кард, ба иҷро расонанд. Тибқи баъзе манбаъҳо, баъдан гуфта шуд, ки талаби рабояндагон озодкунии толибони зиндонӣ будааст. Аммо бо ин вуҷуд, сухангӯи Толибони Покистон инро рад кард, ки гӯё ҷангиёни аъзои гурӯҳи онҳо ба ин кор даст зада бошанд.

Мақомоти Покистон аз гуфтани тафсилоти зиёд дар мавриди шароити озодшавии сафири худ дар Кобул худдорӣ мекунанд. Хабаргузории Франс-Пресс навишт, ки сафир шоми 16 май дар як зиндони Толибон дар вулусволии Хайбар ошкор шуд. Баъзе расонаҳои дигар гуфтанд, ки вай дар қаламрави Афғонистон озод шудааст.

Хабари раҳошавии Тариқ Азизуддин барои аҳли хонаводаи вай ногаҳонӣ ва хушҳолукунанда буд. Бародари вай Тоҳир Азизуддин зимни сӯҳбат бо хабарнигори радиои Афғонистони Озод дар Исломобод гуфт:

"Мо ҳам ҳамон маълумотеро дар даст дорем, ки расонаҳо медонанд. Вай озод шуд ва феълан таҳти назари ҳукумат қарор доранд. Вай дар нимаи дуюми рӯз ба хона бармегардад ва ба назди мо оварда мешавад. Мо аз ҳукумати Покистон сипосгузорем, ки барои раҳо кардани вай талоши зиёд ба харҷ доданд".

Нопадидшавии сафир бори дигар ноамн ва заъиф будани вазъи амниятии марзи Покистон бо Афғонистонро намоиш дод, ки дар ин қаламрав шумори зиёди ҷангиёни Толибон ба сар мебаранд. Дар тӯли чанд моҳи гузашта дар ин манотиқ садҳо нафар боздошт ва кушта шудаанд. Рӯзе, ки Тариқ Азизуддин нопадид шуд, гурӯҳҳои амниятии Покистон як фармондеҳи аршади Толибон Мулло Мансур Додуллоро дар вилояти ҷанубуғарби Балуҷистон, воқеъ дар марзи Афғонистон ба ҳалокат расониданд. Феълан дар миёни гурӯҳҳои ҷангиён ва ҳукумати Покистон доду ситаде дар заминаи табдили зиндониҳо ҷараён дорад. То имрӯз 18 ходими амниятӣ бо 55 ҷангии Толибон табдил шуданд. Ҳукумати Покистон ба як музокираи сулҳи расмӣ бо ҷангиёни Толибон омодагӣ мебинад, ки бояд рӯзҳои наздик баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG