Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саҳми занон дар бахши хусусии иқтисод


Беш аз 70%-и занҳои ҷумҳурӣ ба бемории камхунӣ мубталоанд ва кори онҳо дар бахши хусусӣ метавонад ин мушкилро ҳал кунад.

Саҳми занони тоҷир ва соҳибкор дар бахши хусусӣ дар Тоҷикистон 3 ё 4 дарсадро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки саҳми бахши хусусӣ дар иқтисоди кишвар наздик ба 50 дарсад аст. Масъалаи афзоиши саҳми занон дар бахши хусусӣ аз мавзӯъоти меҳварии мулоқоти як гурӯҳ занони соҳибкор бо Рамазон Абдулатифов, сафири Русия дар Тоҷикистон. Буд.
Ба гуфтаи ширкаткунандагони ин машваратҳо, ҳадаф аз ин баҳсу баррасиҳо ташкили корхонаҳои муштарак ва тавсиъаи ҳамкории занони Тоҷикистон бо Русия будааст. Сабоҳат Раҳимзода, раиси Асссосиатсияи занони соҳибкори Тоҷикистон, далоили саҳми ночизи занон дар бахши хусусиро чунин тавзеҳ дод: «Чун занони соҳибкор дар бахши тиҷорат малакаи кофӣ надоранд, саҳми онҳо дар ин соҳа андак аст. Ба илова, дар Тоҷикистон афкоре ҳоким аст, ки гӯиё зан бояд дар хона нишинад ва фарзанд тарбия кунад».
Ба эътиқоди ӯ, ки як тоҷири муваффақ дар Тоҷикистон ба шумор меояд, далели аслии саҳми ночизи занон дар бахши хусусӣ ҳамчунин мавонеъи эҷодшуда аз сӯи идороти давлатӣ ва худсариҳои мақомот будааст. Вай афзуд: «Иҷрои қонун дуруст ба роҳ монда нашудааст. Мутаасссифона, кормандони вазорату идораҳои давлатӣ худашон ба муҳтавои қонунҳо дуруст ошно нестанд. Барои мисол, корманди кумитаи андоз вориди корхонаи мо шуда, гуфт, ки «патентут канӣ?» Ин маънои онро дорад, ки корманди кумитаи андоз қонунро намедонад. Патент барои касе зарур аст, ки дар бозор ё хиёбон мол мефурӯшад. Гузашта аз ин, аз сӯи ин идораҳо хараҷу мараҷ ва санҷишҳои беҳуда чунон зиёд аст, ки занро ба соҳибкорӣ дилсард мекунад».
Хонум Раҳимзода далели дигари дилсардии занон дар бахши хусусиро ба шеваҳои гурӯҳӣ ва қавмӣ дар тиҷорат рабт дод, ки, ба бовари вай, ин рақобати носолим дар ин авохир бештар эҳсос мешавад: «Ду-се соли ахир аст, ки занҳо аз ин рақобати носолим шикоят мекунанд. Мисол, агар тоҷикзане бихоҳад ширкате таъсис диҳад, ба ӯ ҳушдор медиҳанд, ки ба ин соҳа даст назанад, чунки ин бахш монополияи фалон қавм ё авлод аст. Ин натанҳо беадолатӣ ва ё рақобати носолим арзёбӣ мешавад, балки нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон аст».
Сафири Русия дар Тоҷикистон, ки дар баҳсу баррасӣ мушкили занони соҳибкори ҷумҳурӣ ширкат дошт, гуфт, ки омодааст дар афзоиши саҳми занон дар бахши хусусии иқтисоди Тоҷикистон ва ташкили корхонаҳои муштараки Русияву Тоҷикистон ба занони соҳибкор кумак кунад.
XS
SM
MD
LG