Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси пизишки низомӣ


Додситонии низомии вилояти Хатлон нахустин парвандаи ҷиноии марбут ба даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбиро ба додгоҳи маҳаллӣ ирсол кардааст.

Пизишки маризиҳои рўҳии ноҳияи Ҷалолуддини Румӣ Комил Султонқулов, ки бо қарори раиси ноҳия ба камиссиюни муоинаи тиббии Камиссариати ҳарбӣ шомил шудааст, бар асоси банди марбут ба «бемасъулиятӣ»-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам дониста мешавад.

Ривоҷиддин Назаров, муфаттиши парвандаи мазкур аз додситонии низомии Хатлон, бо таъйиди ин хабар ба радиои «Озодӣ» гуфт, бар асари бемасъулиятии пизишк даъватшавандаи ҷавон Сайвалӣ Хоҷаназаров, ки мубтало ба бемории рўҳӣ будааст, равонаи воҳиди низомӣ барои адои хидмат шудааст:

«Хоҷаназаровро муоинаи дуруст накарда, оид ба вазъи саломатиаш хулосаи «солим» дод. Бар ин асос, камиссарати ҳарбии ноҳия Хоҷаназаровро ба қисми ҳарбии 06670-и шаҳри Душанбе барои адои хизмат равона карданд. Аммо дар зарфи 10 рўз бемории рўҳии вай хуруҷ карду дар пайи таҳқиқи саломатиаш дар беморхонаи марказии ҳарбӣ, маълум шуд, ки Хоҷаназаров бемори рўҳӣ ва ғайриқобили хидмати ҳарбӣ будааст…»

Ривоҷиддин Назаров, муфаттиши додситонии низомии Хатлон, афзуд, мавориди ташхиси нокомил ва сарсарии ҷавонон аз сўйи пизишкони камиссияҳои даъват ба хидмати ҳарбӣ дар қаламрави Хатлон зиёд мушоҳада мешаванд. Мисоли рўшан ин аст, ки дар даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш 25 сокини навоҳии мухталифи минтақаи Қўрғонтеппаро камиссариати ҳарбии Хатлон пас аз кашфи бемории сил дар онҳо, аз хидмати низомӣ озод ва дубора онҳоро ба зодгоҳҳояшон ирсол кард:

«Дар баъзе камиссияҳои тиббӣ дар ноҳияҳо пизишкон ба ҳамин камбудиҳо роҳ медиҳанд, ки даъватшавандагонро пурра муоина намекунанд, аз кормандони камиссариати ҳарбӣ маълумоти лозимро оид ба даъватшаванда талаб накарда ва бо худи онҳо низ сўҳбатҳо дар мавриди бемориҳояшон анҷом намедиҳанд. Зимнан, пизишкон бо саросемагӣ ва бидуни таҳқиқ хулосаи «солим» медиҳанд, ки дар пайи он ҷавонони зиёди бемор низ ба хидмати ҳарбӣ даъват мешаванд».

Ба эътиқоди Ривоҷиддин Назаров, муфаттиши додситонии низомии Хатлон, феълан ҳудуди 20 дар сади ҷавононе, ки ба хидмати ҳарбӣ даъват мешаванд, мубтало ба бемориҳои гуногун ҳастанд ва ташхиси дақиқу сареъи онҳо аз ҷониби пизишкони камиссариатҳои низомӣ амри ҳатмист.

Аммо қонунгузории кишвар барои пизишконе, ки дар ташхиси саломатии даъватшавандагон бемасъулиятӣ зоҳир мекунанд, ҷазои ҳадди аксар 1 соли корҳои ислоҳӣ таъин кардааст. Ба гуфтаи коршиносон, даъвати иҷбории ҷавонон ба артиш, ё ба истилоҳи маъмулшуда, «облава»-и онҳо, дар муҳоҷирати корӣ қарор доштани шумори афзуни ҷавонони қобили хидмати низомӣ ва ҳамчунин фасодзадагии кори камиссариатҳои ҳарбӣ аз мушкилоти дар чанд соли ахир ҳанўз ҳалношудаи риштаи мазкур боқӣ мемонад.

Масъулини ниҳодҳои марбутаи вазорати дифоъи Тоҷикистонро ҳамчунин камвазнию бедонишии ҷавонони даъватшуда ба хизмати ҳарбӣ нигарон кардааст. Ин як мушкили фарогири иҷтимоии кишвар маҳсуб мегардад, дар ҳоле ки ҷавонони саломат ва донишманд аксаран ё дар муҳоҷирати корӣ ҳастанд, ё фарзанди ходимони давлатию мансабдороне мебошанд, ки садди роҳи адои хидмати низомии онҳо мешаванд.

XS
SM
MD
LG