Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи зидди саратон дар Чехия


Рӯзи чоршанбе дар кӯчаҳои шаҳри Прага ҳар сари қадам гурӯҳи дунафараи шогирдони мактабро дидан мумкин буд, ки ба роҳгузарон гулҳои қоқу ва варақа дар бораи хатарҳои саратон пешниҳод мекарданд.

"Салом, шумо мехоҳед ба 20 крони худ ин гулро харида, дар мубориза зидди саратон саҳмгузорӣ кунед?". Бо чунин ҷумлаҳо Маркета Свободова, яке аз ширкатдорони маъракаи бо номи "Рӯзи зидди саратон дар Чехия" ба раҳгузарон муроҷиат мекунад. Раҳгузар баъдан ин гули зеборо дар ҷои намоёни куртааш гузошта, ҳамраъйии худро бо муборизони зидди ин маризии марговар намоиш медиҳад.

Маркета 16 сол дорад ва дар як мактаби миёнаи Прага улуми иҷтимоӣ ва мазҳабиро меомӯзад. Вай мегӯяд, ки имрӯз ҳазорҳо ҳамсолонаш аз мактабҳои гуногуни шаҳр барои ширкат дар ин маърака сафарбар шудаанд ва ӯ ҳам қарор кард саҳми худро дар роҳи огоҳсозии бештари мардум аз хатарҳои гирифторӣ ба саратон дошта бошад. Вай мегуяд, "ман мехоҳам, ки ба мардум ва ба гирифторони саратон кӯмак кунам ва фикр мекунам, ки тавассути фурӯши гулҳо ман ин корро анҷом дода метавонам".

Ҳар сол дар Ҷумҳурии Чех 65 ҳазор нафар тоза дарк мекунанд, ки гирифтори саратон шудаанд. Куллан дар ин ҷумҳурӣ тақрибан 350 ҳазор нафар ба навъҳои мухталифи ин беморӣ гирифтор мебошанд. Табиби саратоншинос Зданек Динсбир, раҳбари Лигаи зидди саратон дар Прага, ташаббускори маъаракаи мазкур аст. Вай мегӯяд, маъмулан се роҳи аслии гирифторӣ ба саратон вуҷуд дорад, ки ҳам дар Ҷумҳурии Чех ва ҳам дигар нуқоти ҷаҳон ба мушоҳида мерасад:

"Сигоркашӣ, низоми нодурусти истеъмоли ғизо ва пурхӯрӣ аз роҳҳои аслии гирифторӣ ба саратон мебошад. Дар ҷумҳурии Чех нафарони зиёд - тақрибан 30 дарсад мардон ва 20 дарсад занон сигор мекашанд. Ғизои чехӣ ҳам аз ин назар хатарҳои худро дорад: он дорои консирогени зиёд аст, мо гӯшти дудшудаи зиёд истеъмол мекунем ва ҳама ғизоҳои мо серравған аст. Инчунин, насли калонсоли имрӯза назар ба ҳамсинну солҳои онҳо, ки пеш аз ҷанги дуюми ҷаҳон зиндагӣ кардаанд, камтар ҳаракат ва варзиш мекунанд. Он вақтҳо созмону ташаккулҳои ҷавонон мисли скаутҳо машқҳои зиёди варзишӣ ташкил мекарданд".

Саратоншинос Зданек Динсбир афзуд, ки таҷлили "Рӯзи зидди саратон дар Ҷумҳурии Чех" аз соли 1990 шурӯъ шуда он бахше аз тарҳи Иттиҳодияи байналмилалии зиддисаратон аст, ки дар саросари Аврупо амал мекунад. Оқои Динсбир гуфт, ки ҳадафи асосии онҳо боло бурдани сатҳи огоҳии мардум ва пеш аз ҳама мактаббачаҳо дар бораи роҳҳои пешгирии саратон аст, ки то имрӯз сӯҳбат дар ин мавзӯъ ба гунае табу будааст:

"Соли ҷорӣ мо ба вижа ба кӯмаки волидон тамаркуз мекунем чунки дар Ҷумҳурии Чех духтарҳову занҳо воксини зидди вируси HPV мегиранд. Ин навъи хеле маъмули бемории пӯст аст, ки баъдан ба саратон мубаддал мешавад. Мо волидонро хоҳиш мекунем ки духтарҳои худро барои гирифтани ин воксина иҷозат диҳанд, то ки хатари гирифторӣ ба саратон дар миёни занҳо камтар шавад. Мардонро ҳам водор мекунем, ки сари вақт аз ташхиси тиббӣ гузаранд. Писарҳо бояд дар хурдсолӣ аз ташхиси тиббӣ гузаранд, то ки дар оянда аз гирифторӣ ба саратон эмин бошанд".

Саратоншиноси чех мегӯяд, таҷрибаи кори вай дар ин тарҳ нишон медиҳад, ки чунин маъракаҳои таблиғотӣ манфиати зиёд дорад ва сатҳи огоҳии мардумро баландтар мекунад. Вай дар мисоли маъракаи зиддисигоркашӣ, ки муддати зиёд амал мекунад, гуфт, яке аз бузургтарин натиҷаҳои он коҳиши шумори мардоне буд, ки аз саратони шуш ба ҳалокат мерасанд. Аммо шумори занони сигоркаш ва гирифтори саратори шуш дар Чехия, мутаассифона афзоиш меёбад. Вай гуфт, ҳар духтари ҷавон бояд сари вақт ташхиси синаро гузарад. Ва баъди таблиғи зиёд, гуфт вай, ҳоло ҳар зани дуюм дар кишвараш ба таври довталабона аз назари духтур мегузарад.

Зданек Динсбир афзуд, ки ба ҳамин хотир, дар миёни 10 ҳазор ихтиёрии ширкатдори "Рӯзи зиддисаратон дар Ҷумҳурии Чех" аксарият шогирдони мактабу донишгоҳҳо мебошанд ва онҳо баъдан дар миёни дӯстону ҳамсолонашон дар бораи иттилои гирифтаи худ маълумот медиҳанд. Тавре Маркета Свободова, мактабхони чехӣ гуфт, яке аз мавзӯъҳои дигари мавриди ташвиши ҳамсолони вай имрӯз хатари олудагӣ ба вируси заъфи масунияти бадан СПИД аст, ки дар миёни ҷавонҳо бештар тавассути алоқаи ҷинсӣ ва истеъмоли маводи мухаддир паҳн мешавад. Аммо саратон, ба андешаи вай, хатари на камтар аз СПИД дорад:

"Ман фикр мекунам ки дар оянда ҳам ин беморӣ хоҳад монд ва аз ҳамин хотир мардум бояд бештар барои муқобила бо ин маризӣ саҳмгузорӣ кунанд".

XS
SM
MD
LG