Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зилзила дар Чин ҷони 10 000 нафарро рабуд


"Синхуа" - хабаргузории расмии Чин иттилоъ додааст, ки шумораи қурбониёни зилзила дар ҷанубу ғарби ин кишвар ба 10 ҳазор нафар расидааст.

Ин рақам ба эҳтимоли том майл ба зиёдшавӣ дорад, зеро вазъият дар баъзе манотиқи офат ҳанӯз номаълум аст.

Шиддати зилзилаи баъд аз зуҳри дируз, 12 май дар маркази он, дар вилояти Сичуан 7,8 дараҷаи ҷадвали Рихтерро ташкил додааст. Аз шиддати ин зилзила бинои мактабҳо, корхонаҳои саноатӣ ва биноҳои иқоматӣ фурӯ рехтааст.

Раисҷумҳури Чин дархост кардааст, ки бо истифода аз ҳамаи имконот осебдидагонро наҷот диҳанд. Амрикову Русия ва Иттиҳодияи Аврупо ба Чин паёми таслият фиристодаанд.

Дар ҳамин ҳол, наҷотбахшон ҳанӯз то ба яке аз тахрибшудатарин минтақаи офат, Вэнчуан, ки дар 92 километрии Ченду – маркази маъмурии вилояти Сичуан ҷойгир шудааст, нарасидаанд. Дар ин минтақа беш аз 100 ҳазор нафар ба сар мебурд.

Ба он ҷо пои пиёда рафтан лозим меояд. Боронҳои шадид парвози чархболҳоро имконнопазир гардонидаанд. Як мақоми баланди Венчуан бо телефони мобилӣ бо тамос шуда, ва ёрии сареъ дархост кардааст.

Зилзила зӯҳри 12 май рух дод, дар соате, ки корхонаҳо ва мактабҳо пур аз одам буданд. Ин бузургтарин зилзила дар Чин баъд аз зилзилаи соли 1976 мебошад Он сол заминҷунбӣ беш аз 240 ҳазор нафарро кушта буд.

XS
SM
MD
LG