Бино ба омори охирин, тӯфони “Наргис” 22 500 нафарро дар ин кишвар куштааст ва 41 000 каси дигар то кунун бенишон ҳастанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳудуди 1 миллион сокини Мянмар бехона мондаанд.Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти расмии Мянмар вуруди муассисаҳои имдодӣ ба ин кишварро мушкил кардаанд, ҳарчанд таъхири яксоатӣ низ метавонад, сабаби марги мусибатзадагони бештар шавад.
Мардуми Мянмар рӯзи сиёҳе доранд ва саҳнаи харобиҳо достони ваҳшатнокеро мемонад. Садҳо ҳазорон нафар, ки аз тӯфони вайронгар наҷот ёфтаанд, маҳалҳои пур аз об ва ҷасади одамону ҳайвонотро гузошта, дар ҳоле ки гуруснаву бесарпаноҳ ҳастанд ба сӯи шаҳрҳо ҳаракат мекунанд.
Минтақаи аслии биринҷпарвари Мянмарро тӯфони рӯзҳои ахири ҳафтаи гузашта вайрону валангор кард ва ҳамингуна ҳосили маводи ғизои аслии мардумро аз байн бурд. Аммо бо ин ҳама ҳукумати низомии Мянмар намегузорад, то муассисаҳои хайрия ба осонӣ ба имдоди мусибатдидаҳо бирасанд.
Танҳо рӯзи чаҳоршанбе ҳукумат иҷоза дод, то як ҳавопаймои СММ бо 25 тонна кумаки башарӣ фуруд ояд. Ба гуфтаи муассисаҳои хайрия, агар ҳукумат ба зудӣ дарҳои кишварро боз накунад, ҳазорон нафар гуруснаву бемор хоҳанд шуд. Рашид Холиқов, мудири Дафтари СММ дар умури ҳамоҳангсозии кумакҳои башарӣ рӯзи сешанбе аз мақомоти расмӣ тақозо кард, то мониъаҳои расмӣ барои вуруди маъмурони хайрияро аз байн бардоранд.
Раиси ҷумҳури ИМА Ҷорҷ Буш низ рӯзи сешанбе аз фармонравоёни Мянмар хост, то кумакҳои байнулмилалиро бипазиранд: «Паёми мо ба фармонравоёни низомӣ ин аст, ки бигзоред, Амрико омада ва ба шумо ёрӣ расонад».
Муассисаи кишоварзӣ ва озуқаи Созмони милали муттаҳид тахмин мекунад, ки минтақаҳои аз ҳама беш аз тӯфон осебдида, аз ду се ҳиссаи биринҷи Мянмарро тавлид мекунанд ва апкнун, ки қисми зиёди киштзорҳои биринҷ нобуд шудааст, Мянмарро мебояд аз хориҷ биринҷ ворид кунад.
Дар ҳамин ҳол, нишонаҳое ҳам ба назар мерасанд, ки тӯфон сиёсати ҳукумати низомии Мянмарро тағйир медиҳад. Низомиёни фармонраво ба истиснои сокинони манотиқи вайрону валангор, ба мардуми кишвар дастур додааст, то 10-уми май дар раъйпурсии умумӣ барои қабули Қонуни асосии нав ширкат кунанд. Аммо Со Анг, сухангӯи Шӯрои миллии ваҳдати Бирма дар Тайланд, гуфт, умедвор аст, то ҷомиъаи байнулмилалӣ ҳукумати Мянмарро барои ба таъхир андохтани ин раъйпурсӣ водор мекунад.