Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Майкрософт Яҳуро намехарад


Бузургтарин ширкати офарандаи нармафзорҳои Майкрософт расман аз пешниҳоди худ барои харидории ширкати интернетии Яҳу бо нархи 44 миллиарду 600 миллион доллар даст кашид.

Майкрософт ин пешниҳоди бесобиқаро се моҳ пеш карда буд ва акнун раиси ин ширкат Стив Болмер дар мактубаш ба номи сарвари Яҳу Джерри Янг навиштааст ки бо сабаби ҳосил нашудани тавофуқ дар мавриди нарх Майкрософт тасмим гирифтааст аз гуфтушунидҳои баъдӣ сарфи назар кунад.

Стив Болмер ба хабарнигорон гуфт, ширкаташ омода буд барои ҳар як саҳмияи Яҳу 33 долларӣ диҳад, ки баробар бо 47 миллиарду 500 миллион доллар мебошад, ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи вай, Яҳу 53 миллиард доллар талаб мекард.

Ба боварии мутахассисони соҳа, Яҳу бештар майл дошт аз тариқи ҳамкорӣ дар бахши пайёмҳои бозаргонӣ бо дигар шикати бузурги интернетӣ Гугл фаъолияташро дар бозори интернетӣ тавсеъа бахшад. Шореҳон инчунин мегуянд, Яҳу бо дигар як бозигари умдаи шабакаи интернетӣ ва телевизионӣ яъне ширкати Тайм Ворнер Эй О Эл гуфтушунид анҷом медиҳад.

Мутахассисон изҳори ақида мекунанд, ки агар раиси Яҳу ягон стротежии махфии иловагиро надошта бошад ва натавонад баъд аз эълони анҷом нашудани додугирифт аз поин рафтани нархи саҳмияҳои ширкаташ дар бозори ҷаҳонӣ ҷилавгирӣ намояд, дар ин ҳол ӯ бо норозигӣ ва интиқоди шадиди саҳмиядорони Яҳу рубару хоҳад шуд.

Таҳлилгари ширкати Станфорд Груп Клейтон Моран гуфт, қиммати ҳар як саҳмия ин ширкат баробари дастикам 29 доллар аст. Пеш аз пешниҳоди Майкрософт нархи ҳар як саҳмияи Яҳу 19 долларро ташкил медод.

Қиммати бозори пайёмҳои бозаргонии интернетӣ дар соли 2007 40 миллиард долларро ташкил медод ва ҳадс зада мешавад, ки соли 2010 ғунҷоиши ин бозор ду баробар афзоиш ёбад.

XS
SM
MD
LG