Тибқи ин санад қарор аст дар ноҳияи Ёвон корхонаи тавлиди криалит ва махлути алюминиюм ва инчунин як коргоҳи тавлиди семент бунёд шавад. Ба гуфтаи масъулини ширкати «Талко», барои бунёди ин ду корхона ҳудуди як миллиард доллар сармоя зарур аст, ки аз ҷониби ширкати чинӣ ва Талко малбағгузорӣ хоҳад шуд. Суҳроб Ҷабборов, мудири ширкати «Талко менеҷмент» дар ин замина гуфт, «ҳадафи аслӣ аз таъсиси ин ду корхона таъмини «Талко» ба ашёи хоми ватанӣ мебошад».
Ба гуфтаи масъулини «Талко», кори ин сохтмонҳо баъд аз ба имзо расидани созишномаи аслӣ аз моҳи июл оғоз ва дар зарфи як соли дигар ба итмом хоҳад расид. Дар ҳоли ҳозир, Тоҷикистон солона ба маблағи 400 миллион доллар гилхокро аз хориҷ ворид мекунад.
Масъулини ширкати «Талко» қасд дорад, маводи нефилин барои тавлиди криалит ва махлути алюминиюмро аз минтақаи Рашт дар шарқи Тоҷикистон, ки гуфта мешавад, захоири он ба 12 миллиард тон мерасад, интиқол диҳанд. Аммо ба далели адами мавҷудияти роҳи қатор ва маҳдуд будани имкони интиқоли он ба ноҳияи Ёвон дастандаркорони ин тарҳ мегӯянд, тавассути хати лулае, ки бар маҷрои рудхонаи Вахш эҳдос хоҳад шуд, интиқоли нифилин ба Ёвон анҷом мешавад. Бо маҷрои Вахш хати лулаӣ сохта мешавад, ки бо таваҷҷуҳ ба баландии мавқеъияти ҷуғрофии минтақаи Рашт нисбат ба маҳалли корхонаҳо, яъне Ёвон ҳатто имкони бидуни фишори масъунӣ интиқоли нифилин имкон дорад.
Аммо ба андешаи бархе коршиносон ин тарҳ то ҷое хаёлӣ ба назар мерасад. Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд, беҳтар аст, роҳи мошингарди Рашт - Душанбе бозсозӣ ва маводи хом тавассути роҳ интиқол шавад. Зеро дар сурати пеш омадани садама ва омезиши нифилин ба об имкони сар задани фоҷеъаи зистмуҳитӣ дар ҳавзаи Вахш низ вуҷуд дорад.
Аммо бархе дигар аз коршиносон андешидан ба ин мавзуъ, яъне наҳваи интиқоли маводи хом ба корхонаҳоеро, ки бояд эҳдос шаванд, пештар аз замон медонанд ва мегӯянд, акнун масъала матраҳ пайдо кардани сарчашмаи саромягузорӣ барои бунёди ин корхонаҳост. Зеро бархе аз сармояи сохтмони ин корхонаҳоро бояд Тоҷикистон пардохт кунад ва дар ҳоли ҳозир чунин маблағеро Тоҷикистон дар ихтиёр надорад. Масъалаи дигар ҳам мухолифати эҳтимолии ширкатҳои таъминкунандаи Талко ба гилхок аст, ки аз ин ҳисоб фоидаи фаровоне ба даст меоранд ва намехоҳанд аз ин манбаи даромад маҳрум шавад. Ва ниҳоят, мегуянд коршиносон, ба тавсеъаи Корхонаи тавлиди алюминиюми Тоҷикистон, ки дар марзи Узбакистон воқеъ аст, ба баҳонаи фоҷеаи зистмуҳитӣ Тошканд ҳамеша мухолифат кардааст.
Ба ҳар ҳол, то моҳи июл, яъне замоне, ки шоҳид хоҳем буд, эҳдоси ин ду корхона оғоз мешавад ё не вақти чандон намондааст.