Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Суруди сол"-2007 ҷамъбаст гардид


Озмун барои ширкат дар "Суруди сол"-и имсола се моҳ идома дошт ва аз 300 довталаб танҳо 30 нафари онҳо сазовори ширкат дар озмун гаштаанд.

Аммо ин ғолибият танҳо насиби овозхонони поп нагашт. Як хусусияти хоси озмуни «Суруди сол»-и имсола ҳам ин буд, ки дар он сарояндагони ҳама навъҳои мусиқи ба ҷуз аз жанри реп имкони ширкат намуданро доштанд.

Дар маросими ҷоизасупории озмуни «Суруди сол»-2007 ҳам нахуст Насриддин Очилдиев, Даврон Абдуллоев ва Малохат Абдушукурова ғолибони шашмақомсарои озмун муаррифӣ ва сазовори ҷоизаи сол гаштанд.

Чунин ба назар мерасид, ки зимни иҷрои таронаҳои шашмақом дар озмуни»Суруди сол», бисёре аз ҷавонон чандон хоҳиши шунидани онро надоштанд. Онҳо бетоқатии худро нишон дода, бо қарсаку садоҳои баланди худ садои овозхонро пахш кардан мехостанд. Айнан ҳамин ҳолат зимни иҷрои ғолибони жанри опера низ мушоҳида мешуд.

Ҳамчунин бори аввал дар озмуни «Суруди сол» фалак ва дигари таронаҳои мардумӣ дар иҷрои овозхонони дӯстдоштаи аксари ҷавонону калонсолон садо дод, ки он муҳити толори консертиро зиндатар кард.

Ба вижа овозхони ҷавон Нигина Амонқулова, ки бори нахуст дар ин озмун ширкат мекард, бо ҳамон тоқиву ҳаракоти маъруфу ба худ зебандааш, аз ҷониби мухлисон бо қарсаку ҳуштаккашиҳои зиёд пешвоз гирифта шуд.

Дӯстони азиз яке аз шартҳо ва фарқияти аслии «Суруди сол»-2007 дар он буд, ки овозхонон бояд ба таври зинда бидуни истифодаи фонограма таронаҳои худро тақдим месохтанд. Аммо чунин ба назар мерасид, ки ин талаботро на ҳама риоя кардаанд. Барои мисол Фарзонаи Хуршед, ки ҳамчунон аз ҷониби мухлисон хуб пазирои шуд, ғайри интизори таронаи «Гарди–гарди»-и худро бо фонограма пешниҳод кард.

Дигар овозхонони ҷавони маъруфи эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё, Шаҳроми Абубакр, Суҳроби Маҳмуд, Фахриддини Малик, Дилноза Каримова, Садриддини Наҷмиддин ҳам баррандагони ҷоизаи «Суруди сол»-2007 гардида дар маросими ҷоизасупории озмун низ бо сурудҳои сол эътирофгардидаи худ ҳунарнамоӣ карданд.

Ба ҳамин тартиб баъд аз 4 соат тамошобинон толори консерти «Суруди сол»-ро бо таъасуроти мухталиф тарк мегуфтанд. Вале аксарият аз он изҳори пушаймони мекарданд, ки бар ивази 50 то 100 сомони билет харидори кардаанд, вале дар ин базм онҳо умедҳои худро бароварда насохтаанд. Аммо барои бархи дигар консерт писанд омада буд.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи озмуни суруди сол шурӯъ аз соли 2003 аз сӯи радиои ғайридавлатии «Азия плюс» дар Тоҷикистон роҳандозӣ шуда ва аз сӯи тамошобини тоҷик чун беҳтарин чорабинии миллии мусиқи эътироф гардид буд, вале аз соли 2007-ум бад ин су «Суруди сол» дар дасти вазорати фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Аммо «Азия плюс» ҳам ин лоиҳаи худро аз даст додан намехосту онро бо таъғири ном аз «Суруди сол» ба «Навои дил» идома дод, вале ба гуфтаи кормандони радиои «Азия плюс» онҳо имсол дигар нақшаи баргузор намудани чунин барномаро надоранд.

Вобаста

XS
SM
MD
LG