Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фолбинҳо ва бӯҳрони энержӣ дар тарозуи порлумон


Дар ҳоле ки мардуми Тоҷикистон бо мушкили бекориву нархи гарони озуқа мувоҷеҳ мебошанд, парламенти ин кишварро манъи истифодаи тирезаҳои сиёҳшуда дар мошинҳои хусусӣ ба ташвиш овардааст. Ҳафтаи гузашта қонунгузорони тоҷик пешниҳод карданд, ки мақомот ба истифодаи тирезаҳои сиёҳшуда иҷозат диҳанд.

Вале ин ташаббус ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маъқул нашуд. Ба қавли хабаргузориҳои тоҷик, дар ҷаласаи ҳукумати раисҷумҳури Тоҷикистон изҳор намуд, ки истифодаи тирезаҳои сиёҳшуда боиси афзоиши ҷинояткорӣ шуда метавонад. Ба қавли хабаргузориҳо, Раҳмон ба ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот дастур додааст, аз равуои мошинҳои дорои тирезаҳои сиёҳ ҷилавгирӣ намуда, ҷонибҳои манфиатдор дар истифодаи тирезаҳои сиёҳшударо ташхис намоянд.

Ҳафтаи гузашта баъд аз баҳси оташини сесоата аъзои Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии Парламенти Тоҷикистон манъи истифода аз тирезаҳои торик дар воситаҳои нақлиёти хусусиро лағв намуданд. Шодӣ Шабдолов, вакили Маҷлис ва раиси ҳизби коммунисти Тоҷикистон мегӯяд, манъи истифодаи тирезаҳои сиёҳшуда ҳуқуқи соҳибони мошинҳоро поймол мекунад.

Дар Тоҷикистон феълан ба ҳар 12-15 хонавода як мошини хусусӣ рост меояд. Аз ин рӯ наметавон гуфт, ки тирезаи торики мошин мавриди нигаронии аксари аҳолии ин ҷумҳурӣ мебошад. Баҳси тирезаи мошинҳо замоне сурат гирифтааст, ки садҳо ҳазор сокини Тоҷикистон: муаллимон, табибон, донишҷӯён ва намояндагони касбу кори дигар дар паи омодагирӣ ба муҳоҷирати корӣ ба Русия ҳастанд.

Тоҳири Абдуҷаббор - шореҳи мустақили сиёсӣ, мегӯяд, ба ҷуз тасдиқи амрҳои президенти кишвар аз дасти Парламенти Тоҷикистон кори дигаре намеояд. Ӯ меафзояд, ки дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ парламент зери назорати ҳизбҳои президентӣ буда, маҷлисҳои қонунгузор нуфузи зиёд надоранд.

Ба ин ақида Шабдолов ҳам мувофиқ аст:

" Дар Маҷлиси намояндагон ҳамагӣ ду вакил аз ҳизби наҳзати исломӣ ва чор нафар аз ҳизби коммунист аст. Вақте мо масъалаеро матраҳ мекунем, ҳизби ҳоким бо аксарияти зери назораташ иҷрои онро мушкил мекунад."

Ба фикри Шабдолов, дар ҳоли ҳозир Парламенти Тоҷикистон бояд бо ҳалли се мушкил банд бошад: бӯҳрони энергетикӣ, бекорӣ ва болоравии нархи маводи ғизоӣ.

Дар ин иртибот Тоҳири Абдуҷаббор таъкид менамояд, ки на парламент, на ҳукумат ба баҳси озоди масъалаҳои ҳаётан муҳим ҳозир нестанд.

Заъфи қудрати парламенти Тоҷикистон барои бисёриҳо хабари нав нест. Шореҳон бар ин назаранд, тамаркузи нерӯ дар дасти президенти кишвар парламентҳои тамоми кишварҳои Осиёи Марказиро ба ниҳоди бетаъсир табдил додааст.

Зимистони гузашта вақте мардуми Тоҷикистон аз сармои фавқулода ва камбуди барқу газ азият мекашиданд, қонунгузорони тоҷик ногаҳон ба хулоса омаданд, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ фолбинӣ манъ шавад. Аммо дар ҳар сурат шикоят ва ё мухолифате ба ин иқдоми парламент ба гӯш нарасид.

Абдурауф ном сокини вилояти Суғд мегӯяд, мардум дар бораи парламент фирк намекунад ва вакилони мардумӣ ҳам зоҳиран дар ғами раъйдиҳандагонашон намебошанд.

XS
SM
MD
LG