Дар робита ба вазъи иқтисодии кишвар ва болоравии бесобиқаи қимати сузишворӣ, ки ба тамоми аҳолии Амрико осеб мерасонад, сарвари ИМА Конгресси ғолибан демократии кишварро мавриди интиқод қарор дода, гуфт, қонунгузорон барои рӯи даст гирифтани чораҳои зарурӣ шитоб намекунанд.
Ин дар ҳолест, ки, ба гуфтаи Буш, худи ӯ барои шунидани ҳама гуна пешниҳодҳо омода буд, аз ҷумла пешниҳоди номзадҳои эҳтимолӣ ба мақоми раёсатҷумҳурӣ Ҳиларӣ Клинтон ва Ҷон Маккейн барои лағв кардани молиёти бензин ва дизел тобистони ҷорӣ: “Мардум мунтазиранд, ки вакилони интихобкардаашон дар конгресс иқдоме кунанд. Мутассифона, дар бештари ин мавзӯҳо қонунгузорон бо кашолкорӣ машғуланд”.
Аз назари худи Ҷорҷ Буш, Амрико ба манбаҳои алтернативии энержӣ ниёз дорад ва ин танҳо роҳи баромадан аз бунбаст мебошад. Роҳи дигар, ба бовари Буш, шурӯъи истихроҷи нафт дар аёлати Аласка мебошад, аммо дар ин марвид ҳам, ба иддаҳои Буш, Конгресс мониъаҳо эҷод мекунад.Ҷорҷ Буш бо изҳори таассуф ва тамасхур шиква кард, ки, агар ӯ асои сеҳрнок медошт, ҳатман аз он истифода мебурд, аммо, мутассифона, чунин асо нест ва барои барқарор намудани вазъи иқтисодӣ фурсат зарур аст.
Зимни саволу ҷавобаш бо хабарнигорон Ҷорҷ Буш назарашро дар бораи мавзӯъҳои доғи байнулмилали низ матраҳ намуд. Аз ҷумла дар робита ба вазъи Зимбабве ӯ гуфт, ки мардуми он кишвар ба ислоҳот овоз доданд, чунки сарвари Зимбабве аз уҳдаи кораш набаромад ва бояд интихоби мардумро пазируфта, аз мақомаш равад. Хушунат ва ваҳшатафкани ғайриқобили қабул аст, илова кард Буш.
Раисиҷумҳури Амрико Сурия, Кореяи Шимолӣ ва Эронро низ зикр карда, гуфт, ҳадаф аз ифшоъи иттилоъ дар бораи барномаи ҳастаии Сурия фиристодани паёми тунде ба Кореяи шимолӣ ва Эрон будааст: он кишварҳо бояд дарк бикунанд, ки барномаҳои ҳастаиашонро пинҳон карда наметавонанд. Вай афзуд, ин гуна барномаҳо метавонанд вазъи тамоми Ховари миёнаро бесубот кунанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Сурия ҳамаи иттиҳомотеро, ки гӯиё он реактори махфии ҳастаӣ месозад, қотеъона рад мекунад.
Дар мавриди Афғонистон Ҷорҷ Буш гуфт: “Мо бо одамкушон ва қотилон дар набарди саросарием, ва ИМА бояд ба сарварии ин мубориза, ҳамчунин дар Афғонистон, идома диҳад. Мо вориди муборизаи дарозмуддат бо ин ҷиҳодиёнем ва, тавре ки ман борҳо гуфтаам, онҳоро мутлақан танҳо бо рушди демократия мешавад шикаст дод”.
Ҷорҷ Буш дар бораи Ховари миёна гуфт, ки бовар дорад то ба поён расидани муҳлати ҳукуматдориаш созишномаи сулҳ дар инҷо ба имзо мерасад, аммо ӯ ҷунбиши исломгарои “Ҳамос”-ро гунаҳкор намуд, ки вазъро муташанниҷ мекунад.