Ин ҷашнвораи мусиқӣ чаҳор рӯз давом кард, ки дар он, аз ҷумла, аз Тоҷикистон таҳти раҳбарии Иқболи Завқибек гурӯҳи ҳунарии «Мизроб» ширкат дошт. Тамошобинон ҳамчунин ҳунари мусиқанавозону овозхонҳои мумтози мусиқии ҷаз аз Ӯзбекистон, Олмон, Фаронса, Маҷористон ва Суис (Швесария)-ро тамошо карданд.
27-уми апрел дар толори филрамонияи давлатии Қирғизистон дар доираи барномаи ҷашнвора консерти гурӯҳи «Мизроб» сурат гирифт, ки тамошобинони зиёдро ҷамъ овард. Воқиъан, тамошобинон ҳар як баромади ҳунармандони тоҷикро бо кафкӯбиҳо истиқбол намуданд.
Давлати Назрӣ, ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, баъди анҷоми консерт ба бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» гуфт, ки истиқболи мардум ончунон хубу ҳаловатбахш буд, ки ҳунармандони тоҷикро дар ҳудуди муҳаббату самимият ҷой дода буд. Давлат афзуд, ки тамошобинон аз ҳунари ҳунармандон хеле истифодаи хуб карданд ва вай гумон мекунад, ҳаловатеро ки интизор буданд, гирифта тавонистанд.
Як гурӯҳ донишҷӯёни тоҷик иброз доштанд, ки кафкӯбиҳои мардум дар онҳо ҳисси ғурури ифтихорро ба бор овард. Яке аз донишҷӯён, ки худро Рамзия муаррифӣ кард, гуфт, ифтихорманд аст, ки гурӯҳи «Мизроб» санъати волои тоҷикро нишон дод ва ҳисси ғурур ва ифтихори онҳоро шуъла занонд. Ба гуфтаи Рамзия, донишҷӯдухтарон дар ин консерт аз тоҷик будани худ низ ифтихор доштанд.
Субҳия, ҳамсӯҳбати дигари мо, ишора кард, ки дар мусофират тамошо кардани барномаи консертии гурӯҳи ҳунарии «Мизроб» ба онҳо рӯҳу тавони тоза бахшид.
Ҷои шубҳа нест, ки мусиқии ҷаз дар миёни бошандагони соири кишварҳои Осиёи марказӣ ҳанӯз чандон оммавӣ нагаштааст. Вале метавон гуфт, ки омезиши ҷаз бо мусиқии анъанавии тоҷикиву узбакӣ ва қирғизиву қазоқӣ теъдоди мухлисони ин навъи мусиқиро хеле афзудааст. Як тамошобини тоҷик дар ин маврид мегӯяд, ки дарки маънии мусиқии ҷаз чандон кори осон нест, вале баъди тамошои ин консерт онҳо итминон ҳосил карданд, ки фаҳмидани ҷаз имконпазир будааст.
Дар ҳамин ҳол, Владимир Фейертаг, яке аз мунаққидони мусиқии ҷаз аз Русия, баромади дастаи ҳунарии «Мизроб»-ро ситоиш карда, аз ҷумла, гуфт, ки барномаи гурӯҳи «Мизроб» хеле дилпазир буд ва, ба назари ӯ, ҳунармандони тоҷик мусиқии хеле сода, вале хушоҳангро интихоб карда буданд. Ба гуфтаи ин мунаққиди мусиқии ҷаз, кафкӯбиҳои давомдори тамошобинон дар ҷараёни иҷрои оҳангҳо, ки ҳунармандони тоҷик иҷро карданд, бешакк, исботи ин иддаъо мебошад.
Гурӯҳи ҳунарии «Мизроб» барои сокинони шаҳри Қарокӯл, воқеъ дар соҳили баҳри Иссиқкӯл, низ як барномаи консертӣ намоиш дод. Хоникей Мухторова, мудири фестивали мусиқии ҷази Бишкек, изҳор намуд, ки дар оянда баргузории чунин фестивалҳои мусиқӣ дар соири кишварҳои Осиёи марказӣ дар назар аст. Ва ба ин васила, ба бовари ӯ, тарғиби ин навъи мусиқӣ ва омезиш додани он бо мусиқии анъанавӣ беш аз пеш доман фарох хоҳад кард.