Ин ҳам натиҷагириест аз назархоҳии ахири хабаргузории “Ассошиэйтед пресс” дар робита ба интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико дар моҳи ноябри соли ҷорӣ. Натиҷаҳои назарсанҷие ки дирӯз интишор гаштааст, боз як имтиёз ба нафъи собиқ хонуми аввал аст, ки ҳоло бо ҷамъоварии маблағ барои маъракаи интихоботиаш ва ҷалби интихобкунандагон машғул аст.
Тибқи ин тадқиқот, нерӯи Обама ва Маккейн тақрибан баробар буда, агар ин ҳар ду ба сабқат ворид шаванд, натиҷаи интихоботро касе пешгӯӣ карда наметавонад.
Вале дар ҳамин ҳол Клинтонро аксари ҷавонон ва бознишастагони мустақил дастгирӣ мекунанд ва, ҳамин тавр, дар сурати баинтихоӣот роҳ ёфтани маҳз ин ду нафар, имкон дорад 50 дарсади интихобкунандагон ба Ҳиларӣ ва 41 дарсад ба Маккейн овоз диҳанд. Ин дар ҳолест ки пешсафии Обама аз Маккейн хеле камтар буда, таносубашон 46 ба 41 дарсад аст.
Маълум мешавад, Ҳиларӣ Клинтон баъд аз пирӯзиаш дар раъйгириҳои аёлати Пенсилвания мавқеъашро каме мустаҳкамтар кард, чунки назарсанҷии ҳамсони се ҳафта пеш нишон дода буд, ки нерӯи ҳар се номзади эҳтимолӣ баробар аст. Таҳлилгарон бар ин ақидаанд, ки тақрибан дар ҳамаи бахшҳо нишондодҳои Клинтон ва Обама ба ҳам наздиканд, аммо, агар кор ба интихоботи ниҳоӣ расад, имкони бештар вуҷуд дорад, ки Ҳ. Клинтон Ҷ. Маккейнро мағлуб мекунад.
Дар ҳамин ҳол, рақобат миёни ду номзади ҳизби демократӣ зиёд шиддат ёфтааст ва мақомдорони ҳизбу аксарияти шореҳон мутмаъинанд, ки идомаи ин набарди дохилиҳизбӣ ба манфиъати ҳеҷ кадоме аз онҳо нест ва яке аз довталабон бояд аз идомаи мубориза даст кашад.Раиси ҳизби демократии Амрико Ҳовард Дин бар ин аст, ки баъд аз дар моҳи июн ба поён расидани раъйгириҳои муқаддамотӣ яке аз довталабон бояд аз маъракаи интихоботӣ хориҷ шавад, то имкон диҳад, ки демократҳо дар ҳамоиши пешазинтихоботиашон муттаҳид шуда, тамоми нерӯро ба интихоботи раёсатҷумҳурӣ равона кунанд.