Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гиромидошти хотираи қурбониёни Чернобил


Рӯзи 26 апрел аз фоҷеаи Чернобил - мудҳиштарин ҳодисаи инфиҷори атомӣ 22 сол пур мешавад.

Субҳи рӯзи 26 апрели соли 1986 дар нерӯгоҳи ҳастаии Чернобил, воқеъ дар хоки Укроин ва назди сарҳади Русия ва Белорус, дар ҷараёни як озмоиш реактори ҳастаӣ таркид ва шуоъҳои ҳастаӣ бахшҳои густардае аз се кишварро заҳрогин кард. Аз минтақаи заҳрогиншуда садҳо ҳазор сокинон ба дигар вилоёт кучонда шуданд ва Чернобил то кунун ҳамчун минтақаи ношоям барои зист симпеч мондааст.

Барои бартараф кардани оқибатҳои ин садама беш аз 800 ҳазор нафар аз ҷумҳуриҳои Шӯравӣ, аз ҷумла 4,5 ҳазор ҷавонмарди тоҷик, сафарбар шуданд. Бар асари шуоъҳои радиоактивӣ садҳо ҳазор собиқ сокинони ин минтақа ва ҳамчунин кумаккунандагон аз дигар ҷумҳуриҳо гирифтори бемориҳои мухталиф гаштанд ва то имрӯз фарзандони онҳо аксаран маълулу маслуқ ба дунё меоянд.

XS
SM
MD
LG