Олим Шарифов, сухангўи раёсати гумруки Хатлон, бо таъйиди ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, укроиниҳо Олег Пак ва Емелченко бо ҷурми аз тариқи гузаргоҳи гумрукии Панҷи Поён, воқеъ дар марзи Афғонистон, ғайриқонунӣ интиқол додани наздик ба ду ҳазор адад шоҳпарак ва ҳашароти дигар, ки ба Китоби сурхи Тоҷикистон шомиланд, боздошт гардиданд.
Афроди дастгиршуда дар маҷмўъ 500 намуди шоҳпараку хазандаҳои дигари нодирро хушконида ва андаруни қуттиҳои худсоз пинҳон карда, қасд доштанд аз қаламрави вилояти Хатлон нахуст ба хоки Афғонистон ва баъдан ба Укроин таҳвил диҳанд. Олим Шарифов афзуд, ҳамакнун алайҳи Пак ва Емелченко парвандаи ҳуқуқвайронкунӣ ифтитоҳ ёфтааст.
Ва аммо чунин ба назар мерасад, ки идораи назорати давлатии табиати Хатлон дар роҳи ҷилавгирӣ аз мавориди қочоқи ҳайвонот ва набототи нодири Тоҷикистон оҷиз аст ва масъулияти худро, ки иборат аз ҳифзи табиат аст, дуруст иҷро намекунанд. Хуҷамурод Шомуродов, аз масъулини идораи назорати давлатии табиати Хатлон, иқрор мекунад, ки ниҳоди мазкур аз ҳодисаи ахири қочоқи шоҳпараку хазандаҳои нодир аз сўйи шаҳрвандони хориҷӣ хабар надорад. Вай танҳо ҳамин қадар гуфт:
«Раёсати мо ҳамҷо бо кормандони ШКД аз ҷангалу баҳру кўҳҳо дидан карда, кўшиш мекунанд аз ҳодисаҳои қочоқи ҳайвонот ҷилавгирӣ кунанд.
- Шумо медонед, чанд намуди шоҳпараку ҳашарот ва ҳайвоноте, ки ба китоби сурхи Тоҷикистон дохил шудаанд, дар қаламрави Хатлон мавҷуданд ва таҳти ҳифозати давлат қарор доранд?
- На, ростӣ, намедонам…»
Ба гуфти коршиносони маҳаллӣ, шоҳпараку хазандаҳои нодирро дар кишварҳои хориҷ, бавижа дар Аврупо, бисёр қадр ба қимати гарон харидорӣ мекунанд. Ва ҳадафи шаҳрвандони Укроин низ аз қочоқи онҳо тиҷорат будааст.
Бар иловаи мавориди қочоқи сангпушту мор аз қаламрави Хатлон, ин нахустин амалиёти ҷилавгирӣ аз тороҷи шоҳпарак будааст.