Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асрори ҳамкориҳои атомии Сурия ва Куриёи Шимолӣ


Барномаҳои атомии Сурия дар ин бунгоҳ пиёда мешуд.
Барномаҳои атомии Сурия дар ин бунгоҳ пиёда мешуд.

Ҳукумати ИМА мегӯяд, боварӣ дорад, Куриёи Шимолӣ ба Сурия дар сохтани реактори атомие кӯмак кардааст, ки ҳадафҳои мусолиматомез надошт.

Кохи Сафед инро як “таҳҳавулоти хатарнок ва бесуботкунанда барои ҷаҳон” хонд. Аммо сафири Сурия дар Амрико Имод Мустафо гузоришҳо доир ба реактори атомӣ дар кишварашро рад карда ва онҳоро “хаёлпардозӣ” ва ё “фантазия” номид.

Зимни баёнияи расмӣ рӯзи панҷшанбе ҳукумати Амрико гуфт, Сурия то рӯзи 6-уми сентябри соли гузашта “пинҳонӣ реактори атомӣ” месохт, ки ин реактор “қодир ба тавлиди плутониум” будааст. Сухангӯи Кохи Сафед Дана Перино гуфт, реактор дар маҳалли биёнбонии Ал-Қибор бар асари ҳамлаи ҳавоии Исроил вайрон шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Сурия кӯшиш кардааст, то тамоми шавоҳиди мавҷудияти реакторро пинҳон кунад, ки ин кор, ба қавли Дан Перино, эътиқоди ҳукумати Амрико доир ба сулҳомез набудани он реакторро тақвият дод.

Пештар аз ин баёнияи ҳукумати Амрико мақомоти олирутбаи идораи ҷосусии Амрико, яъне ЦРУ, аз ҷумла раиси ин идора Майкл Ҳайден доир ба таъсисоти ҳастаии Сурия ба вакилони мардумии Иёлоти Муттаҳида гузориш доданд. Онҳо дар ҳузури вакилон навори видеоиро намоиш додаанд, ки аз дохили таъсисоти атомии Сурия ва пеш аз ҳамлаи Исроил бардошта шудааст. Хадамоти ҷосусии Амрико баъзе аз наворҳоро дар ихтиёри хабарнигорон гузошт.

Тарҳи таъсисот ва маҳалли он баёнгари он аст, ки Сурия мехост, онро ба таври махфӣ нигаҳ дорад. Сурия зуд иқдом кард, то фаъолиятҳои атомиашро пинҳон намояд ва бинои реакторро вайрон ва зери хок кард ва таҷҳизоти лозимро низ аз он ҷо берун бурд. Ин иқдомот эҳтимолан ба хотири пинҳон кардани харобаҳои реактор аз чашми нозирони байнулмилалӣ буд ва он ба ҳадафҳои сулҳомези атомӣ дар созгор нест.

Хадамоти ҷосусии Амрико тасовиреро нишон дод, ки ба гуфтаи онҳо собит мекунад, ки дар дохили он маҳалли махфӣ шаҳрвандони Куриёи Шимолӣ кор мекунанд. Дар ин навор ҳамчунин иморате ба чашм мерасад, ки ба гуфтаи мақомоти Амрико ба реактори ҳастаии Йонбйони Куриёи Шимолӣ ниҳоят монанд аст.

Бо тавваҷӯҳ ба ҳамсонии тартиби лӯлаҳои амудии болои реактори Сурия аз тарафи чап ва реактори тавлиди плутониуми Куриёи Шимолӣ аз тарафи рост, мо натиҷа гирифтем, ки реактори Сурия дар ҳаҷму қудрат ба реактори мазкури Куриёи Шимолӣ баробар аст. Танҳо Куриёи Шимолӣ дар зарфи 35 соли гузашта чунин реактори граффитии бо газ сардашвандаро сохтааст.

Мақомоти Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, ки реактор ҳанӯз сӯхти ҳастаӣ надошт ва он то моҳи августи соли 2007 барои фаъолият омода мешуд. Дана Перино сухангӯи ҳукумати Амрико гуфт, Сурия бояд собит кунад, ки “фаъолиятҳои ғайриқонунии ҳастаӣ” надоштааст. Вай ҳамчунин гуфт, ин таҳҳавулот нишон медиҳад, ки ҷомеаи байналмилалӣ беҳуда аз фаъолиятҳои атомии Эрон нигарон нест. Мудири Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ Муҳаммад Ал-Бародаӣ гуфт, ин созмон иддаъоҳои Амрикоро ҷиддӣ мегирад ва дурустии онро низ таҳқиқ мекунад. Муҳаммад Ал-Бародаӣ ҳамчунин Амрикоро танқид кард, ки иттилоъот доир ба барномаҳои атомии Сурияро то кунун пинҳон доштааст.

Аммо Имод Мустафо, сафири Сурия дар Амрико, гузориши Амрикоро рад карда ва зимни сӯҳбат бо телевизиони Си-Эн-Эн гуфт, он иттилоъот хаёлпардозӣ аст. Бо ишора ба Ироқ Имод Мустафо гуфт, Амрико дар бофтани мадраку далелҳо доир ба фаъолиятҳои атомии кишварҳои дигар таҷриба дорад. Куриёи Шимолӣ дар гузашта хабарҳо доир ба ирсоли фанновариҳои атомӣ ба Сурияро рад кардааст. Бар асоси созиши шашҷониба, дар моҳи феврали соли 2007 Куриёи Шимолӣ аҳд додааст, ки аз барномаҳои атомии худ даст мекашад ва тамоми иттилоъот доир ба ирсоли фанновариҳои атомӣ ба кишварҳои дигарро ифшо мекунад.

Аммо ба гуфтаи Амрико, Куриёи Шимолӣ бо вуҷуди мӯҳлати муқарраршуда то 31 декабри соли гузашта Пхенян ҳамаи иттилоъотро ишфо накардааст, ки ин як монеае дар роҳи музокироти шашҷониба барои халъи силоҳҳои атомии Куриёи Шимолӣ аст.

XS
SM
MD
LG