Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олӣ


Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон зимни паёми солонааш ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар барои ояндаро эълом кард.

Президент Раҳмон бунёди неругоҳҳои барқи обӣ дар рудхонаҳои кишварро аз авлавиятҳои сиёсати иқтисодии давлат унвон кард.Вай гуфт сохтмон ва истифодаи сареъи ин неругоҳҳо барои устувории арсаи саноат ва кишоварзӣ шароити муносиб фароҳам мекунад. Оқои Раҳмон таъкид кард, ки ҷиҳати таъминоти нерӯи барқ ва гармӣ ба аҳолӣ аз ҳамаи манобеи тавлидкунандаи энержии кишвар истифода хоҳад шуд. Аз ҷумла президент гуфт, ки Тоҷикистон тақрибан 14 дарсади захоири ураниюми ҷаҳонро дар ихтиёр дорад ва давлат дар садади таҳияи консепсияи баҳрабардорӣ аз ин захира аст.

Президент Раҳмон гуфт, дар ҳоле 14 дар сади захоири урани ҷаҳон дар замини Тоҷикистон маҳфуз аст, истифода накардан аз он бар зарари рушди иқтисоди кишвар хоҳад буд. Ин ҳам дар ҳолест, ки иқтисоди кишвар ба иллати бурузи бӯҳронии энержӣ дар зимистони имсола ба таъйиди раиси ҷумҳурӣ ҳудуди се миллиард сомонӣ зарар дидааст.

Аммо бархе аз коршиносон ва таҳилгарон бо таҳти шубҳа гузоштани дурустии ҳаҷми зарари зимистони имсола ҳамчунин таъкиди зарурати истифода аз захоири уран барои раҳоӣ аз буҳрони энержӣ аз сӯи раиси ҷумҳурро як тадбири иҷронашуданӣ арзёбӣ карданд. Ва аз сӯи дигар, ба таъкиди коршиносон, ин нуктаи гузориши раиси ҷумҳурӣ ба мисли бархе аз нукоти паёмҳои солҳои пешини раиси ҷумҳурӣ хоҳад буд, ки далоили иҷро нашудани онҳо таҳлил ва барои ҷомеаи кишвар тавзеҳ дода намешавад.

Раҷаби Мирзо, як таҳлилгари масоили сиёсӣ, мегӯяд, ки ҷомеа ин таваққӯъро дошт, ки сабабҳои пеш омадани буҳрони энержии имсола ва роҳҳои бартараф кардани он дар паёми раиси ҷумҳурӣ инъикос мегардид. Аммо раиси ҷумҳурӣ дар ин маврид тақрибан, ки чизе нагуфт. Вале, мегӯяд оқои Мирзо, ӯ дар тааҷҷуб аст, ки агар кишвар ба ин миқдор хисорот бардошта, ки маблағи он тақрибан дар ҳудуди буҷети солона баровард шудааст, аз чи роҳе метавон бар маош ва нафақа афзуд?

Ба ақидаи Шокирҷони Ҳаким, устоди Доншгоҳи байнулмилалии шаҳри Душанбе, паёми имсолаи раиси ҷумҳурӣ аз паёмҳои қаблии он тақрибан тафовут надоштааст. Оқои Ҳаким гуфт, дар ин паём аз сиёсати кадрӣ ва ислоҳоти ин соҳаи чизе гуфта нашуд.

Раиси ҷумҳурииТоҷикистон дар паёмаш аз таъсиси марказе дар назди маъмурияти худ хабар дод, ки иҷрои қавонини қабулшуда аз сӯи порлумонро назорат мекардааст. Аммо ба ақидаи Муҳиддин Кабирӣ, аиси ҲНИТ ва вакили ин ҳизб дар порлумони кишвар, ин тасмими президент барои рушди кишвар ва риояти тавозуни қудрат дар шохаҳои ҳокимият судманд нахоҳад буд.

Зимнан ин ҳафтумин паёми Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси олии кишвар аст, ки ҳамасола дар моҳи апрел сурат мегирад. Дар ин паёмҳо самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон барнома ва тарҳҳои давлат барои ояндаи наздик ва дур муаррифӣ мешавад. Вале ба бовари коршиносон бештарин нукоти ин паёмҳо дар руи коғаз боқӣ мемонанд. Зеро бидуни баррасии ҷиддӣ боқӣ мондани натоиҷи паёми пешин дар паёми ҷадид масъулинро дар татбиқи он водор намекунад.

XS
SM
MD
LG