Вазири дифоъи ИМА Роберт Гейтс тавсия додааст, ки фармондеҳи аршади нерӯҳои Амрико дар Ироқ Дейвид Петреус раҳбари ситоди марказии фармондеҳӣ таъйин шавад.
Ин ситод масъули иҷрои амалиётҳои низомии Амрико дар Ховари Миёна аст.
Генерал Петреус фармондеҳии артиши Амрико дар Ироқро зимни 15 моҳ бар ӯҳдаи худ дошт ва ба ақидаи генерал иҷрои нақшаи раисҷумҳур Ҷорҷ Буш барои эъзоми неруи иловагӣ ба Ироқ соли 2007 вазъро ба твари чашмрас беҳбуд бахшида, сатҳи хушунатро коҳиш додааст.
Роберт Гейтс гуфт, номзадии Петреус ҳамчун раҳбари ситоди марказии фармондеҳи беҳтарин интихоб аст. Вазири дифоъи Амрико гуфт, Ҷорҷ Буш ба номзадии Петреус розӣ шуд ва акнун ба Сенат пешниҳод хоҳад кард. Генерал Девид Петреус дар ин мақом адмирали неруҳои дарёи Уиллям Фаллонро иваз хоҳад намуд, ки ӯ моҳи март аз мақомаш истеъфо дод.
Қарор аст, генерал Рей Одиерно ба ивази Петреус фармондеҳии аршади неруҳои ИМ дар Ироқро ба зимма гирад.