Натиҷаҳои ниҳоӣ расман эълон нашудаанд, аммо Клинтон хостори тафовути бузург дар ин натиҷаҳост, то раъйи вакилони интихоботии иёлатро ба даст орад. Қабл аз ин интихобот коршиносон мегуфтанд, ҷиҳати идомаи мубориза барои Қасри Сафед Клинтон бояд дар Пенсилвания бо тафовути чашмрас пирӯз шавад. Хонум Клинтон дар баромади худ дар назди ҷонибдоронаш дар шаҳри Филаделфия гуфт:
«Роҳи дароз ба Пенсилвания авеню 1600 (нишонии Қасри Сафед дар Вашингтон) азин ҷо, аз иёлати Пенсилвания оғоз меёбад. Бархе аллакай ба ман пешниҳод мекарданд, ки аз идомаи мубориза даст кашам. Вале амрикоиҳо ба ин осонӣ даст боло нахоҳанд кард, ва онҳо раисҷумҳуреро сазоворанд, ки ба осонӣ даст боло накунад.»
Рақиби хонум Клинтон, Барак Обама мегуфт, ба пирӯзӣ дар Пенсилвания мутмаин нест, аммо таъкид мекард, ки тафовут миёни раъйҳои ду номзад чандон бузург нахоҳад буд. Бархе аз манобеъ гуфтаанд, бар асоси шумориши ҳудуди 90 дар сади раъйҳо, Клинтон 55 % ва Обама 45 % раъй гирифтаанд. Ҷаноби Обама, ки ҳоло дар иёлати Индиана қарор дорад, рақиби худро бо пирӯзӣ дар Пенсилвания табрик гуфт.
Дар интихоботи муқаддамотии Пенсилвания бузургсолон ва занон фаъол будаанд. Хонум Клинтон маҳз миёни ин қишрҳои ҷомеа тарафдорони зиёд дорад. Хонум Клинтон ҳамчунин бо Пенсилвания иртиботи аҷдодӣ дорад. Дар ин иёлат бобои ӯ кор мекард. Дар ин иёлат ҳамчунин падари хонум Клинтон таҳсил мекард ва ҳамзамон дар тими мунтахаби иёлат оид ба футболи амрикоӣ бозӣ мекард.
Шумориши ороъ дар Пенсилвания ҳанӯз идома дорад. Ва аммо то ин интихобот вазъ ин гуна буд:
Барак Обама – пирӯзӣ дар 26 иёлат – 1648 вакил барои анҷуман
Ҳилларӣ Клинтон – пирӯзӣ дар 16 иёлат - 1509 вакил барои анҷуман
Клинтон ва Обама қарор аст то савуми июн дар 9 интихоботи муқаддамотии дигар бо ҳам сабқат кунанд.
Номзади демократҳо барои курсии президентӣ бо номзади ҷумҳурихоҳон Ҷон Маккейн мубориза хоҳад кард.