Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми боздиди Попи Рум аз Амрико


Попи Рум 60-мин солгарди қабули Эъломияи умумии Ҳуқуқи башарро бо суханронӣ дар маҷмаъи умумии СММ таҷлил намуда, ба вижа эълом дошт, ки агар кишварҳои сайёра тибқи бандҳои ин ҳуҷҷат амал кунанд, аксарияти мушкилиҳои ҷаҳонро мешавад ҳал намуд.

“Ташвиқи ҳуқуқи инсон беҳтарин стротежии амалии барҳам додани нобаробарӣ миёни кишварҳо ва гуруҳҳои иҷтимоъӣ ва таҳкими амният боқӣ мемонад. Дар ҳақиқат, қурбониёни бархурди сахтгирона ва беадолатӣ, ки шарафи инсонии онҳо бераҳмона поймол шуд, ба осонӣ метавонанд ба фарҳанги хушунат рӯ биоваранд ва баъд аз ин онҳо ба ошубгарон ва мухолифини сулҳ табдил мегарданд.”

Бенедикти 16 изҳор намуд, ки кофӣ нест агар аксарияти кишварҳо ба аҳамияти ҳуқуқи инсон дар СММ розӣ шаванд, дар ҳоле ки шумораи хурди кишварҳои дигар якҷониба тасмими ниҳоӣ мегиранд ва ҳамаи роҳҳои дипломатии имконпазирро ҷустуҷу намекунанд. Попи Рум бевосита ба ИМА ишора накард, аммо маълум аст, ки калисои католикӣ ҷанги Ироқро дастгирӣ намекунад ва мухолифи он аст.

Бенедикти 16 инчунин ба мавзуъи даргириҳои минтақаи Дорфури Судон таваҷҷуҳ зоҳир намуда гуфт, мақомоти Хартум натавонистанд шаҳрвандонашро ҳимоят кунанд.

“Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як кишвар ин ҳифзи шаҳрвандонаш аз нақзи ҷиддӣ ва ранҷовари ҳуқуқи башар мебошад, ҳукумат инчунин муваззаф аст аҳолии кишварро аз пайомадҳои бӯҳрони иҷтимоъӣ, ки дар натиҷаи фаъолияти инсон ва ё ҳодисаҳои табиат сар задааст, муҳофизат кунад”

Аммо мавзуъи асосии суханронии Бенедикти 16 ин эҳтироми ҳуқуқҳои башар буд. Попи Рум ҳуқуқи башарро забони маъмулии равобити байни давлатӣ номида, афзуд, агар ҳамаи кишварҳо ҳуқуқҳои мардуми дигар кишварҳоро эҳтиром кунанд, ҳоҷат ба зуроварӣ намемонад.

Сарвари католикҳои ҷаҳон ба вижа ба мавзуъи озодии дин тамаркуз карда, исми ягон кишвари мушаххасро набурд, аммо даъват намуд, ҳамаи кишварҳо аз фарқгузории динӣ бояд даст кашанд. Бенедикти 16 эълом намуд, ки бо вуҷуди хости аксарият, ақаллияти динӣ бояд имкон дошта бошад, озодона аз дини худ пайравӣ кунад.

Сарвари католикҳои ҷаҳон дар поёни сафари шашрузааш ба Амрико аз маҳалли фоҷеъаи 11 сентябри соли 2001 дар Ню-Йорк зиёрат намуда, зимни маросими ёдбуд дар ҳаққи қурбониёни ҳамлаҳои террористӣ дуо кард.

XS
SM
MD
LG