Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Адами фарҳанги истеъфо дар Осиёи марказӣ


Ислом Каримов, чун ҳамтоёни дигараш дар минтақа, низ дар фикри истеъфо нест
Ислом Каримов, чун ҳамтоёни дигараш дар минтақа, низ дар фикри истеъфо нест

Ба гуфтаи коршиносону сиёсатмадорон, алъон дар кишварҳои Осиёи марказӣ истеъфои довталабона чун фарҳанги сиёсӣ ба таври комил шакл нагирифтааст.

Вале, тавре сиёсатшиноси қазоқ Айдос Саримов таъкид мекунад, дар баъзе аз ин кишварҳо, ки ҳама худкома ҳастанд, чунин истеъфоҳо аҳён-аҳён ба назар мерасанд ва ин на натиҷаи таъсири рушди равандҳои демократӣ дар ин кишвар, балки асосан ба сифатҳои фардии онҳое, ки довталабона истеъфо додаанд, бастагӣ дорад.
Ин нуктаро Пётр Своик, муовини раиси ҳизби сиёсии «Озод», низ таъйид мекунад. Ӯ мегӯяд, ки таййи солҳои истиқлол дар Қазоқистон чунин истеъфоҳо сурат гирифтаанд, вале онҳо басо камшуморанд ва, гузашта аз ин, ҳама ҷанбаи сиёсӣ доштанд. Ба гуфтаи ӯ, дар Қазоқистон ду роҳи ба истеъфои довталабона баромадан ба мушоҳида расидааст – нахуст, худи мансабдор ба нишони эътироз аз роҳу равиши ҳукумат ва системаи сиёсӣ даст ба истеъфо задааст (масалан, Олтинбек Сарсенбоев, ки ду дафъа – солҳои 2001 ва 2007 – даст зада буд, ва ҳамчунин Жармахон Туяқбой, ки ҳоло лидери Ҳизби сосиал демократии Қазоқистон аст); дигар, давлатмардон бо амалҳои ҷасуронаашон барои аз маснад дур гардидани хеш сабаб шудаанд (масалан, Замонбек Нурқодилов, Ғалимжон Жакиянов, Ораз Ҷандосовро, ки ҳама дар маснадҳои баланди давлатӣ буданду бо баёнияҳои хеш ҳокимиятро зери танқид гирифтанд ва ё ҳангоми дар маснади давлатӣ будан ҷунбиши «Интихоби демократии Қазоқистон»-ро таъсис дода буданд.
Вале, ӯ боз ҳам таъкид мекунад, ки ин истеъфоҳо ҳама ҷанбаи сиёсӣ доранд: то ба ҳол ягон вазир ё дигар мансабдори давлатӣ барои дар фаъолияти хеш ба саҳву иштибоҳ роҳ додан ва аз ҷониби аҳли ҷомиъа зери интиқод қарор гирифтанаш аз вазифаи давлатӣ истеъфо надодааст.
Эмил Алиев, муовини раиси ҳизби «Арнамис», мегӯяд, ки айнан чунин вазъро дар Қирғизистон низ метавон мушоҳида намуд. Ба қавли ӯ, Феликс Қулов ҳангоми мири шаҳри Бишкек буданаш довталабона ба истеъфо баромада буд, зеро ӯ ҳангоми дар маснад буданаш наметавонист камбудиҳои ҳокимиятро нишон диҳад.
Дар робита ба истеъфои довталабонаи раисҷумҳурҳои минтақа коршиносон бар ин назаранд, ки гумон аст, солҳои наздик касе ба чунин амали «ҷавонмардона» даст занад. Розлана Таукина, рӯзноманигори қазоқистонӣ, бар ин назар аст, ки президентҳои кишварҳои минтақа, ҳарчанд кишварашон дучори вазъи мушкилу буҳронӣ шуда бошад ҳам, ҳаргиз довталабона ба истеъфо нахоҳанд баромад: «Таҷриба нишон медиҳад, ки дар инҷо, дар режимҳои диктотуриву худкома ва дигар дигар режимҳо ашхосе, ки боре ба ҳокимият меоянд, онҳо маснадро бо нохуну панҷа ва тамоми вуҷуди хеш маҳкам медоранд ва бар илова нуҳ бародару нуҳ хоҳари хешро ба маснад мекашанд, то бад-ин васила ҳокимияти хешро қавӣ созанду ба касе онро надиҳанд. Аз ин хотир онҳо ҳама гуна интиқод ва талаби истеъфоро сарфи назар мекунанд ва заррае ба он эътибор намедиҳанд – ҳарчанд чунин бархӯрдҳо гоҳо барояшон басо ногувор ва ғайримунтазира анҷом меёбанд».
Хонум Таукина меафзояд, ки дар Қирғизистон то соли 2005 мардум борҳо истеъфои раисҷумҳури вақт Аскар Оқоевро талаб карданд, вале вай ин талабҳоро нодида гирифт ва дар натиҷа ошӯби мардумӣ ӯро аз маснади раёсати ҷумҳурӣ дур кард ва худи вай паноҳанда шуд.
Дар ҳамин ҳол, коршиносону аҳли назар Узбакистонро аз ҷумлаи он кишвари минтақа медонанд, ки аслан ягон навъи исеъфои довталабона дар он ба мушоҳида нарасидааст. Як рӯзноманигори узбак, ки аз зикри номаш худдорӣ намуд, дар ин робита мегӯяд: «Дар Узбакистон, агар бигӯед, ки фалонӣ бо хоҳиши хеш ба истеъфо баромад, касе бовар намекунад. Зеро касе, ки ба мансаб даст ёбад, вай сараввал дар андешаи пур кардани ҷайби хеш мешавад».
Ҳамсуҳбати мо меафзояд, ки тибқи навиштаи расонаҳо дар ин ҷо низ чун дар баъзе кишварҳои минтақа мансаб хариду фурӯш мешавад ва, албатта, касе, ки мансабро бо пули зиёд ба даст меорад, онро ба осонӣ аз даст намедиҳад ва ин ҳолат сабаби дар ҷомиъа сахт реша паҳн кардани фасод мегардад. Вазъ, ба гуфтаи ӯ, дар ин маврид дар Туркманистон чун дар Узбакистон бад аст ва наметавон дар бораи фарҳанги истеъфо дар ин кишвар ҳарф зад.
Вале барои дар ҷомиа мавқеъ пайдо кардани ин фарҳанги сиёсӣ, яъне истеъфои довталабона чи омилҳое заруранд. Ба андешаи Эмил Алиев чунин фарҳанг хосси ҷомиъаи пешрафтаву демократӣ аст, зеро дар чунин кишварҳо на мансаб, балки шарафу манзалату обрӯи инсон қадр дорад ва заррае интиқод бар камбудиҳои кори мансабдор ва ё коргоҳу вазоратхонаи вай ӯро водор месозад, ки даст ба истеъфо занад. Оқои Алиев бовар дорад, ки рӯзе кишварҳои минтақа низ ба чунин фарҳанги сиёсии истеъфои довталабона хоҳанд расид. Барои ин бояд равандҳои демократӣ дар ин кишварҳо тақвият ёбад: «Бояд система, қонунҳо амал кунанд ва ҳамаи шохаҳои ҳокимият мустақилона фаъолият дошта бошанд».
Ҳоло бошад, мегӯяд ӯ, дар ҳамаи кишварҳои минтақа тамоми шохаҳои ҳокимият – қонунбарор, иҷроия, додгоҳ – ва, ҳатто, расонаҳои хабарӣ дар дасти ниҳоди иҷроия, дақиқтараш дар ихтиёри як нафар, яъне раисҷумҳур қарор дорад ва дар чунин система, ки саросар олудаи фасод аст, чун фарҳанги сиёсӣ рушд кардани истеъфои довталабона корест басо мушкил.
Сиёсатшинос Айдос Саримов низ ба ҳолати ҷомиа бастагӣ доштани ин фарҳанги сиёсиро таъкид мекунад: «Ҳар андоза ҷомиъаи шаҳрвандӣ рушд кунад, ҳамон андоза расонаҳои мустақил ҳам дар он мавқеъ пайдо намоянд ва онҳо ба аҳзоби сиёсиву порлумон ва ҳукумат таъсир расонида тавонанд, ҳамон андоза талаби истеъфо муассиртар хоҳад буд. Дар акси ҳол дар ҷомиъаи худкома ҳамарӯза бо даҳҳо ва садҳо амали зишти маснаднишинҳо – аз вазир то ба худи раисҷумҳур ва аҳли хонаводаи онҳо – дучор меоӣ, ва, ҳарчанд амалҳои ҷиноии онҳо бо бурҳонҳои қотеъ исбот карда мешаванд, вале ин маснаднишинҳо, ба истилоҳ, «пӯсти ману табари қассоб» гуфта, ба эътирози ҷомиъа заррае ҳам эътибор намедиҳанд».
Аз ин хотир дар кишварҳои худкома, ба таъкиди аҳли назар, на фарҳанги истеъфои довталабона, балки фарҳанг ва ё антифарҳанги чун бут парастидани маснад рушд карда, он ҷомиъаро саросар фаро мегирад, ки ин, бадеҳист, боъиси паст гардидани вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии он ҷомиъа мешавад
XS
SM
MD
LG