Фармодеҳони бознишаста зимни номаи худ тазаккур додаанд, то моҳи феврали соли равон аз ҳамаи имтиёзҳое, ки афсарони артиш доштанд, бархӯрдор буданд ва ҳаққи бознишастагӣ дарёфт мекарданд. Аммо ба далели онки дар Созиншномаи умумии сулҳ ва ризояти миллӣ ва Протоколи низомӣ дар назар гирифтани собиқаи онҳо дар солҳои 1992 то 1997, яъне солҳои ҷанги дохилӣ, ва ба собиқаи хидмати ин афсарон афзуда шудани ин солҳо зикр нашудааст, онҳо аз ҳаққи гирифтани ҳаққи бознишастагӣ маҳрум шудаанд.
Ба гуфтаи афсарони собиқи мухолифин чунин тасмим, яъне қатъи додани нафақа ба фармондеҳон ба дунболи тафсири Шӯрои адлияи Тоҷикистон ба Протоколи низомии идғоми нирӯҳои мухолифин ба сафи Артиши ҳукуматӣ ва қарори ҳукумати Тоҷикистон аз соли 1995 гирифта шудааст. Дар тафсири мазкур омадааст, ки дар асноди Созишнома ва протоколи низомӣ мадии назар гирифтани собиқаи фармодеҳони мухолифин дар солҳои 1992-97 зикр нашуда ва ба ин далел собиқаи хидмати ин афсарон барои гирфтани нафақа нокифоя мебошад.
Ин дар ҳолест, ки бархе ҳуқуқдонҳо мегӯянд, лағви ҳаққи бознишастагӣ танҳо бо қарори додгоҳ бояд сурат бигирад – хоҳ дар нисбат ба афсарони собиқ ва ё ҳар шаҳрванди дигаре, ки ҳаққи гирифтани нафақаро дорад. Аммо фармодеҳони пешин дар номаи худ дархост карданд, ки дар сурати имкон надоштани барқарории ҳаққи бознишастагии онҳо ҳадди ақалл ба вазифаҳои қаблиашон барқарор шаванд, то бо идомаи хидмати низомӣ собиқаи кории худро комил кунанд.