Вазорати хориҷаи Чин ҳадафи музокироти Шонҳойро “таҳияи бастаи имтиёзҳои сиёсиву амниятӣ ва иқтисодӣ барои Эрон ба ивази қатъи ғанисозии ураниум аз сӯи ин кишвар” эълон кардааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Теҳрон ду сол пеш бастаи имтиёзҳои иқтисодии аз сӯи Иттиҳодияи Аврупо пешниҳодшударо рад карда буд ва таъкид намуда буд, ки даст аз ғанисозии ураниум нахоҳад бардошт, зеро «истифода аз нерӯи ҳастаӣ - ҳаққи мусаллами мардуми кишвар аст».
Ҷианг Ю, намояндаи вазорати хориҷаи Чин, қабл аз ифтитоҳи нишасти Шонҳой тазаккур дод: “Пекин мехоҳад роҳҳои ҳалли қазияи барномаи ҳастаии Эронро аз тариқи гуфтушунид пайдо кунад”.
Ӯ изҳори итминон кард, ки ин нишаст бо ширкати ҳайъатҳои панҷ кишвари узви доимиии Шӯрои амнияти СММ (Иёлоти Муттаҳида, Русия, Бритониё, Фаронса, Чин) ба изофаи Олмон “паёми мусбате ба оламиён” хоҳад дод.
Ҷомиъаи ҷаҳонӣ аз он нигарон аст, ки ҳадафи ниҳоии барномаи ҳастаии Эрон дастёбӣ ба силоҳи атомист ва аммо Теҳрон ин иддаъоро пайваста рад мекунад.
Дар ҳамин ҳол Шӯрои амнияти СММ ба хотири водор сохтани Эрон барои қатъи ғанисозии ураниум се бор болои ин кишвар таҳримҳо ҷорӣ кард, аммо Теҳрон аз роҳи худ барнагашт ва ҳафтаи гузашта раисҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод эълом дошт, ки дар корхонаи Натанз боз 6 000 сентрифугаи зудамал насб хоҳад шуд.
Коршиносон мегӯянд, далели дигари аз мусолиҳа бо ҷомиъаи ҷаҳонӣ рӯ тофтани Эрон аз сӯи Теҳрон бидуни ташреҳ лағв шудани мулоқоти масъули бахши ҳастаии Эрон Ғуломризо Оғозода ва раиси Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ ё МАГАТЭ Муҳаммад Ал-Барадеист. Ин мулоқот бояд рӯзи душанбе баргузор мешуд. Ал-Барадеӣ мехост мақомоти Эронро ба зарурати идомаи тафтиши барномаи ҳастаии кишвар аз сӯи Ожонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ мутмаъин созад.
Ҳамин тариқ, қарор аст, ки раиси МАГАТЭ қазияи барномаи ҳастаии Эронро рӯзи 17-уми апрел дар Берлин бо вазири хориҷаи Олмон Франк Валтер Штайнмайер баррасӣ кунад.
Коршиносон мегӯянд, ки Чин бо баргузории музокирот оид ба барномаи ҳастаии Эрон, ба истилоҳ, «дипломатиябозӣ» мекунад. Ин кишвар аз ширкат дар баҳсҳо оид ба барномаи ҳастаии Эрон парҳез мекард ва ба таҳримҳои Шӯрои амнияти СММ болои Теҳрон «бо дили нохоҳам» мепайваст.
Пекин аз озори Эрон худдорӣ мекунад, зеро ин кишвар яке аз содиркунандагони аслии нафт барои Чин маҳсуб мешавад. Ҳамзамон Чин ИМА-ро, ки хостори амалҳои шадидтар алайҳи Эрон аст, низ нороҳат карданӣ нест.