Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо ба қатъи барномаҳои радиои Имрӯз


Кай аз ин дастгоҳ мешавад барномаҳои марғуби родиюи "Имрӯз"-ро шунид?
Кай аз ин дастгоҳ мешавад барномаҳои марғуби родиюи "Имрӯз"-ро шунид?

8 рӯз аст, ки барномаҳои радиои мустақили Имрӯз пахш намешавад. Дастандаркорони ин радио ва коршиносону масъулини ҳукумат дар ин бора чи мегӯянд?

Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони назди ҳукумати Тоҷикистон, сабаби тавқифи пахши барномаҳои радиои мустақили «Имрӯз»-ро як мушкили фаннӣ арзёбӣ кард. Ӯ гуфт, муттавақиф шудани барномаҳои «Имрӯз» ҳеҷ гуна ангезаи сиёсӣ надорад ва ба мавзӯъу муҳтавои барномаҳояш низ марбут нест: «Фиристандае, ки радиои «Имрӯз» дар он фаъъолият мекард, чандест, ки бо нуқсҳои техникӣ аз кор мондааст».

Оқои Раҳмонов афзуд, ки бар тибқи дархости созмондиҳандагони радиои «Имрӯз» дар наздиктарин фурсат кормандони техникии ширкати «Тоҷиктелерадиоком» ин мушкили фанниро бартараф хоҳанд кард: «Дар оянда нийят ҳаст, ки ҷамъияти саҳомии «Тоҷиктелерадиоком» барои радиои «Имрӯз» фиристандаи хубу боиқтидори замонавиро дастрас мекунад. Баъд аз ин умед дорем, ки шунидани барномаҳои ин шабакаи радиоӣ на фақат дар Душанбе, балки дар куллия манотиқи Тоҷикистон низ имконпазир хоҳад шуд».

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Рустами Ҷонӣ, раҳбари радиои «Имрӯз», 8 рӯз инҷониб мақомоти Кумитаи радио ва телевизион ба номаи онҳо посухи мусбат ё манфӣ надодааст. Вай мегӯяд, ки далели равшани қатъи пахши барномаҳои ин радио рӯи мавҷи FM то ҳанӯз пайдо нест. Аммо ба назари бештари таҳлилгарон, иллати мутаваққиф шудани пахши барномаҳои радиои «Имрӯз» баррасии густурдаи мушкилоти иҷтимоъӣ ва сиёсии сокинони кишвар будааст. Ба бовари онҳо, аз ҷумла мавзӯъи ташкили гирдиҳамоӣ дар Хоруғ, ошкор шудани дурӯғгӯиҳои Бонки миллии Тоҷикистон аз сӯи Сандуқи байнулмилалии пул ва гирдиҳамоии як гурӯҳи занон дар назди Қасри раиси ҷумҳур дар ҳафтаи гузашта ба тавқиф шудани пахши барномаҳои радиои «Имрӯз» сабаб гардидааст.

Радиои «Имрӯз» шурӯъ аз тобистони соли 2007 то оғози моҳи апрели имсол рӯи мавҷи FM фаъъол буд ва дар Душанбеву навоҳии канории он ҳаводорону шунавандагони зиёд дошт. Ва ин барои дувумин бор аст, ки радиои «Имрӯз» бо чунин як бархӯрди мақомот рӯбарӯ мешавад.

Абдуфаттоҳ Воҳидов, раҳбари бахши мониторинги Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, мегӯяд, қазияи «Имрӯз», зоҳиран, фаннист, ҳарчанд бештар аз он менамояд.

Зимнан, гуфта мешавад, таййи ду соли ахир 5 радиои мустақили дигар, ки мехоҳанд дар манотиқи ҷанубу шарқи Тоҷикистон низ барнома пахш кунанд, ҳамоно дар интизори дарёфти муҷаввиз мебошанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки созмонҳои ватаниву байнулмилалии ҳомии матбуъот борҳо аз давлати Тоҷикистон интиқод кардаанд, ки намегузорад расонаҳои мустақил иҷозаи фаъъолият бигиранд. Ин созмонҳо борҳо аз ҳукумат хостаанд, то бар фаъъолияти хабарнигорон монеъ нашавад ва шароити мусоъидро барои кори хабарнигорон фароҳам оварад.

Ва ин тақозоест, ки, зоҳиран, ба гӯши ҳукумат намерасад ва ё мақомот онҳоро нодида мегирад.

XS
SM
MD
LG